Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар фазои ишғолгариҳои Толибон президент Ғанӣ аз ҳифзи "дастовардҳо" гуфт


11 август вазъ дар шаҳри Мазори Шариф ҳанӯз орому амн буд ва президент Ашраф Ғанӣ барои гуфтугӯ бо раҳбарони маҳаллӣ ба ин ҷо омад
11 август вазъ дар шаҳри Мазори Шариф ҳанӯз орому амн буд ва президент Ашраф Ғанӣ барои гуфтугӯ бо раҳбарони маҳаллӣ ба ин ҷо омад

Президент Ашраф Ғанӣ ваъда дод, ки аз “дастовардҳои” 20 соли ахири Афғонистон даст намекашад, дар ҳоле, ки хабарҳо аз ишғоли ҳарчи бештари қаламравҳои кишвар аз ҷониби Толибон мерасанд ва ИМА ҳам барои берун бурдани мардуми мулкӣ нирӯҳои иловагиро ба Кобул ирсол намуд. Ашраф Ғанӣ дар ҳоле ба мардуми кишвар тавассути телевизион муроҷиат кард, ки субҳи имрӯз, 14-уми август Толибон амалиёти зидди Мазори Шарифро шурӯъ карданд. Дар рӯзи шанбе хабарҳо аз ишғол шудани боз ду маркази дигари маъмурии вилоят расид.

Ғанӣ дар як изҳороти телевизиониаш гуфт, ки оид ба вазъи имрӯзаи кишвар бо раҳбарони маҳаллӣ ва шарикони минтақавӣ дар машварат қарор дорад. Ӯ нагуфт, ки ба истеъфо меравад, ҳарчанд бархе нозирон тахмин карданд, ки эҳтимолан ин изҳорот садо медиҳад. Суханронии Ғанӣ дар ҳоле нашр шуд, ки Толибон ба ҳуҷуми Мазори Шариф, як шаҳри шимолии азиме дар 100-километрии марзи Узбекистон гузаштанд.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар як паёмаш ба радиои “Афғонистони озод” гуфт, ки Толибон аз чор самт ба Мазори Шариф ҳамла карданд. Ин ҳарфҳоро баъдтар Мунир Аҳмад Фарҳод, сухангӯи волии Балх ҳам тасдиқ кард, ки Мазори Шариф дар ҳудуди он ҷойгир шудааст.

Ин хабар дар ҳоле буд, ки Шарано, маркази маъмурии вилояти ҷанубушарқии Пактико ҳам аз 14-уми август ба дасти Толибон гузашт. Дар ин бора мақомоти маҳаллӣ ба радиои “Афғонистони озод” хабар доданд. Инчунин Толибон шаҳри Асадобод, маркази вилояти Кунарро гирифтанд. Ба ин тартиб, то 14-уми август аз 34 вилоят 20 маркази вилоят ба дасти Толибон гузашт.

XS
SM
MD
LG