Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санаи сафари Меркел ба Маскав эълон шуд


Кремлин, Маскав. Январи соли 2020. Мулоқоти Ангела Меркел ва Владимир Путин.
Кремлин, Маскав. Январи соли 2020. Мулоқоти Ангела Меркел ва Владимир Путин.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон рӯзи 20-уми август дар Маскав бо президенти Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Дафтари Меркел 13-уми август хабар дод, ки баъди Маскав рӯзи 22-юми август Меркел ба Украина меравад. Ин нахустин сафари Меркел ба Русия баъди январи соли 2020 мешавад, якуним соли охир ду раҳбар бештар телефонӣ ҳамсӯҳбат шудаанд.

Кремлин дар як хабаре гуфт, ки ҷонибҳо дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам масоили байналмилалӣ гуфтугӯ хоҳанд кард. Ин сафар дар ҳоле барпо мешавад, ки Алексей Навалний, мунаққиди Кремлин соли гузашта ним сол дар як беморхонаи Берлин аз осори заҳролудшавӣ муолиҷа гирифт. Мавзӯи ҳабси Навалний баъди бозгашташ аз Олмон, куштори як шаҳрванди чечентабори Гурҷистон дар Берлин соли 2019, ҳамлаҳои рахнагарон алайҳи Бундестаги Олмон дар соли 2015 равобити Олмону Русияро хадшадор кардааст. Айни замон, Олмон аз тарҳи бунёди лӯлаи гази “Северный поток-2” пуштибонӣ кардааст, ки аз он ҳисоб Русия содироти гази табиӣ ба Олмонро ду баробар зиёд мекунад.

ИМА ва дигар кишварҳо ҳушдор додаанд, ки ин тарҳ вобастагии Олмонро аз захираҳои энержии Русия афзоиш дода, Украинаро аз даромадҳои транзити газ маҳрум мекунад.

XS
SM
MD
LG