Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қандаҳор ҳам ба дасти Толибон гузашт


12-уми август, Ғазнӣ. Як узви Толибон вазъро назорат мекунад
12-уми август, Ғазнӣ. Як узви Толибон вазъро назорат мекунад

Манбаъҳои маҳаллии Радиои “Афғонистони озод” мегӯянд, Толибон рӯзи 13-уми август шаҳри Қандаҳор, дуюмин калонтарин шаҳри Афғонистонро ишғол карданд. Барои гурӯҳи ҷангӣ, ки бо шурӯи тарки Афғонистон кардани нирӯҳои ИМА даст ба ҳуҷумҳои густарда задааст, ин як дастоварди азим ба шумор меравад. Як намояндаи ҳукумати маҳаллӣ ба оҷонсии Ройтерс гуфт: “Дар паи задухӯрдҳои шадиди шаби гузашта Толибон Қандаҳорро ба даст оварданд”. Дар фурудгоҳи Қандаҳор дуюмин пойгоҳи калонтарини амрикоиҳо ҷойгир буд ва онро ҳанӯз нирӯҳои давлатӣ назорат мекунанд.

Толибон инчунин шаҳри Ҳиротро пурра назорат мекунанд ва ба иловаи ин, Лашкаргоҳ, маркази маъмурии вилояти Ҳилмандро, ки як шаҳри калидӣ дар ҷануб ба шумор меравад, ба даст овардаанд.

Дар вокуниш ба тавсеаи ишғолгариҳои босуръати Толибон дар Афғонистон, ИМА гуфт, ки дар давоми 48 соати наздик 3 ҳазор нирӯи иловагии низомиро ба Кобул барои кӯмак дар хуруҷи кормандони сафорат сафарбар мекунад. Бритониё 600 сарбози иловагӣ мефиристад ва сафоратҳои дигар ҳам гуфтанд, ки кормандонашонро аз кишвар берун мекунанд.

Рӯзи 12-уми август Толибон инчунин шаҳри Ғазнии воқеъ дар 150-километрии ҷанубуғарби шаҳри Кобулро ба даст оварданд.

XS
SM
MD
LG