Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА эми иловагии зидди COVID-19-ро барои осебпазирон раво донист


Лаҳзаи эмгузаронӣ
Лаҳзаи эмгузаронӣ

Идораи хӯрок ва дорувори Иёлоти Муттаҳида (Food and Drug Administration) як вояи иловагии ваксинаи COVID-19-ро барои одамони дорои иммунитет ё масунияти суст маъқул донист, то аз нигаҳдории онҳо аз коронавирус қавтиар шавад. Пештар гуфта мешуд, вояи сеюм зиёдатист. Аммо ин ниҳод рӯзи 12 август гуфт, дастураш ба миллионҳо амрикоие дахл дорад, ки бо сабаби пайванд ё трансплантатсияи узвҳои бадан, баъзе намудҳои саратон ё мушкилоти дигари тандурустӣ махсусан осебпазиранд. Доктор Рошел Валенский, раиси Марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳо ба хабарнигорон гуфт, ки ин амал "барои он аст, ки осебпазиртаринҳои мо аз ... COVID-19 беҳтар ҳимоят карда шаванд." Ин хабар замоне мерасад, ки навъи Делтаи вируси куруно дар Иёлоти Муттаҳида ва мамлакатҳои дигар бо суръати баланд паҳн мешавад. Рӯзи 12 август дар Русия дар як шабонарӯз 808 марги марбут ба коронавирус сабт шуд. Варианти хеле тезпаҳншавандаи Делта дар ҳоле Русияро фаро мегирад, ки он ҷо тақрибан ҳамагӣ 27 дарсади аҳолӣ танҳо як эм гирифтааст. Ваксинаи Sputnik V-и Русия, ки як сол боз дар ин ҷо истифода мешавад, аммо нобоварии густардаи мардум ба он сабаби фирори аҳолӣ аз эмгузаронӣ шудааст. Аргентина рӯзи 12 август гуфт, ки ба сохтан ва паҳн кардани ваксинаи Sputnik V сар кардааст.

XS
SM
MD
LG