Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон истеҳсоли ваксинаи "Спутник V" шуруъ мешавад


Ваксинаи "Спутиник V"
Ваксинаи "Спутиник V"

Ширкати узбекистонии Jurabek Laboratories аз мақомоти Русия иҷозат гирифт, ки истеҳсоли ваксинаи "Спутник V"-и русиро аз ҳафтаи оянда дар Узбекистон ба роҳ монад.

Дар ин бора Фаррух Лутфуллоев, мудири ширкати мазкур хабар дод.

Лутфуллоев гуфт, маводи хоми ваксина рӯзҳои оянда бояд аз Русия расад ва бастабандии ваксинаи зидди коронавирус ҳафтаи оянда шуруъ мешавад.

Пештар аз ин расонаҳо хабар дода буданд, ки ҳанӯз дар моҳи май Маскав ва Тошканд дар мавриди истеҳсоли ваксинаи "Спутник V" дар Узбекистон ба созиш расидаанд.

XS
SM
MD
LG