Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Минск аз Вашингтон хост, шумори кормандони сафорати ИМА дар Беларус кам шавад


Натиҷаҳои баҳсбарангези интихоботи президентии соли 2020 дар Беларус даҳҳо ҳазор сокини ин кишварро ба нишони эътироз ба хиёбонҳо баровард. Мақомот бо саркӯбу ҳабс ва шиканҷа посух доданд. Ҳукуматҳои ғарбӣ, аз ҷумла ИМА, режими Лукашенкаро чандин бор таҳрим намуданд
Натиҷаҳои баҳсбарангези интихоботи президентии соли 2020 дар Беларус даҳҳо ҳазор сокини ин кишварро ба нишони эътироз ба хиёбонҳо баровард. Мақомот бо саркӯбу ҳабс ва шиканҷа посух доданд. Ҳукуматҳои ғарбӣ, аз ҷумла ИМА, режими Лукашенкаро чандин бор таҳрим намуданд

Режими раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенка дар посух ба даври нави таҳримҳои ИМА, аз Вашингтон тақозо кард, ки то 1-уми сентябр шумори кормандонаш дар сафорати Минскро то панҷ нафар коҳиш диҳад. Анатол Ҳлаз, сухангӯи вазорати хориҷаи Беларус дар як мусоҳибааш, ки рӯзи 11-уми август дар вебсайти вазорат нашр шуд, хабар дод, ки Минск инчунин ризоияташро бо таъин шудани Ҷулиа Фишер ба мақоми сафири ИМА бозпас гирифтааст. Ҳлаз гуфтааст: “Бо назардошти ин ки эътимоди Беларус ба маъмурияти кунунии ИМА аз даст рафтааст, мо ҳама ҳамкориҳоро дар тарҳҳои нав, гранту барномаҳои ҳукуматие, ки аз ҷониби ҳукумати ИМА ҳамоҳанг мешуданд, бозмедорем”.

Фишерро Сенати Амрико декабри соли 2020 тасдиқ кард, вале бо сабаби ин ки мақомоти Беларус ба ӯ виза надоданд, натавонистааст ба иҷрои вазифаҳояш пардозад. Сафорати ИМА дар Беларус бад шудани муносибатҳои дуҷонибаро айби режими Лукашенка дониста гуфтааст, ки ин режим нисбати пайдо шудани садои мустақил дар Беларус ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалиаш бемайлӣ нишон медиҳад.

Мусоҳибаи Ҳлаз баъди он нашр шуд, ки ИМА, Бритониё ва Канада дар бораи ҷорӣ шудани таҳримҳои нави тиҷоративу молии Беларус хабар доданд.

XS
SM
MD
LG