Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия 8 гумонбар ба ҷиноятро ба Тоҷикистон таслим кардааст


Бинои Додситонии кулли Русия
Бинои Додситонии кулли Русия

Маскав ҳашт шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба ҷиноятҳои гуногун гумонбаранд, ба Душанбе таслим кардааст. Додситонии кулли Русия рӯзи 11-уми август хабар дод, ки истирдоди гумонбарон зери чораҳои сахти амниятӣ сурат гирифт.

Ба иттилои манбаъ, қарори ба Тоҷикистон фиристодани боздоштшудаҳоро барвақт гирифта буданд, аммо бо сабаби пандемияи коронавирус ба таъхир уфтод.

Яке аз онҳо Насратшо Ҷонмирзоев аст, ки ба ҳамлаи мусаллаҳонаи 25 сол пеш ба мошини милиса дар маркази вилояти Бадахшон муттаҳам аст. Дар он ҳодиса чаҳор нафар, аз ҷумла сардори шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноии Идораи умури дохилии Хоруғ, кушта шуданд.

Додситонии кулли Русия мегӯяд, Икромҷон Боронов ва Фирӯз Сафаровро, ки ба қочоқи маводи мухаддир гумонбаранд, низ ба Тоҷикистон фиристод.

Даврон Бердиев ва Эмомалӣ Салимов ба фирор аз қисми низомӣ; Мирзоалӣ Давлатов ба ғоратагарӣ, Акмал Юнусов ба қаллобӣ ба маблағи калон ва Идрис Назаров ба латукӯби як ноболиғ муттаҳаманд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи истирдоди ҳашт нафар аз Русия иттилое надоданд. Мавқеи муттаҳамон ва наздиконашон низ ба қазияҳо маълум нест. Қарор аст, онҳо дар Тоҷикистон муҳокима шаванд.

Дар гузашта Русия чандин шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карда, пинҳону ошкор дар ихтиёри Душанбе гузоштааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ баъзе аз ин мавридҳоро ба хотири ангезаи сиёсӣ доштани қазияи гумонбарон танқид кардаанд.

XS
SM
MD
LG