Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ҷосуси эҳтимолии Русия дар Олмон


Сафорати Бритониё дар Берлин. Акс аз соли 2013
Сафорати Бритониё дар Берлин. Акс аз соли 2013

Мақомоти Олмон гуфтанд, як шаҳрванди Бритониёро дастгир карданд, ки ҳангоми кораш дар сафорати Бритониё дар Берлин ба ҷосусӣ ба нафъи Русия гумонбар мешавад.

Додситонии федеролии Олмон дар изҳороте гуфт, марде бо номи Девид С. рӯзи 10-уми август дар шаҳри Потсдами Олмон боздошт шуд.

Дар изҳорот омадааст, гумонбар ба сафорат ҳамчун як коргари маҳаллӣ ҷалб шуда буд. Полиси Бритониё ҳам бо тасдиқи ин хабар гуфт, як марди бритониёии 57-сола дар Олмон бо гумони даст доштан дар “фаъолиятҳои ҷосусӣ” дастгир шудааст.

Мақомоти Русия ин хабарро расман шарҳ надодаанд.

Дар изҳороти мақомоти Олмон омадааст, эҳтимол ҳамкории ин шахс бо сохторҳои ҷосусии Русия аз моҳи ноябри соли 2020 шуруъ шуда, дастикам дар як ҳолат ӯ санадҳои марбут ба корашро бар ивази подоши пулӣ ба ҷосусони рус додааст.

Ҳабси ин шахс натиҷаи кори муштараки муфаттишони Олмон ва Бритониё будааст. Ҳамакнун додгоҳ бояд шароити нигаҳ доштани гумонбарро таъин кунад.

Солҳои охир номи Маскав дар чанд мавриди ҷосусӣ дар хориҷа ёд шуда, боис ба моҷарои сиёсӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG