Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осиё дучори марҳилаи сангини пандемияи коронавирус шудааст


Шаҳри Ҷакартаи Индонезия. Интиқоли ҷасади як қурбонии коронавирус ба макони вижаи хоксупории фавтидаҳо бар асари COVID-19. Акс аз моҳи июли соли 2021
Шаҳри Ҷакартаи Индонезия. Интиқоли ҷасади як қурбонии коронавирус ба макони вижаи хоксупории фавтидаҳо бар асари COVID-19. Акс аз моҳи июли соли 2021

Бо паҳншавии босуръати навъи делтаи коронавирус баъзе аз қаламравҳои қораи Осиё марҳилаи бадтарини пандемияро аз сар мегузаронанд.

Дар Кореяи Ҷанубӣ шумори сокинони мубтало ба бемории коронавирус, бори аввал аз шурӯи пандемия, ба 2 ҳазор нафар дар рӯз расидааст.

Ин кишвар дар аҳди пандемия талош кард, меъёрҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемориро ҷиддӣ риоя кунад, вале мушкилоти ҳафтаҳои охир ба навъи делтаи бемории ҳамагир рабт дода мешавад.

Дар миёни кишварҳое, ки аз ин вирус сахт азият мешаванд, Малайзия, Тайланд, Индонезия, Ветнам ва дар Осиёи Ҷанубӣ кишвари Филиппин ном бурда мешаванд.

Маҳдудиятҳо ба вазъи иқтисодиву содироти мол аз ин кишварҳо таъсир расонидааст.

Дар қаламрави Аврупо Олмон дар пайравӣ аз Фаронсаву Итолиё барои шахсони эмнашуда муқаррароти муайян ҷорӣ мекунанд. Ҳукумати федеролӣ ва вилоятҳо ба ин гурӯҳи сокинон талаботи доштани тести манфии коронавирусро ҳамтӣ медонанд.

Дар ҳоле ки ҳафтаҳои охир суръати эмшавӣ дар Олмон рӯ ба поин овардааст, садри аъзам Ангела Меркел гуфт, умедвор аст, муқаррароте, ки 23-юми август ба иҷро медарояд, бисёриҳоро водор мекунад, дар фикри ваксинагирӣ шаванд.

XS
SM
MD
LG