Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шахсе, ки зери таҳрими Амрико аст, муовини президенти Эрон шуд


Муҳаммад Мухбир
Муҳаммад Мухбир

Иброҳим Раисӣ, президенти нави Эрон, Муҳаммад Мухбирро, ки номаш дар феҳрасти таҳримҳои Амрико аст, ба ҳайси муовини аввали худ интихоб кард. Фармон дар ин бора 8-уми август содир шуд.

Муҳаммад Мухбир аз соли 2007 раёсати Ситоди иҷроии фармони имомро, ки ба номи раҳбари пешини Ҷумҳурии Исломӣ Имом Хумайнист, бар дӯш дошт.

Номи Ситод ва Мухбир моҳи январ ба листи таҳримҳои Амрико ворид карда шуданд.

Вашингтон мегӯяд, Ситод "тақрибан дар ҳама бахшҳои иқтисоди Эрон, аз ҷумла энергетика ва мухобирот (телекоммуникатсия) ва молия саҳм дорад".

Муҳаммад Мухбир, ки соҳиби унвони доктори ҳуқуқи байналмилалист, пас аз адои вазифа дар як қатор мансабҳои расмӣ дар вилояти Хузистон аз ҷониби раҳбари олии Эрон, Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ, ба раҳбарии Ситод таъин карда шуд.

Ситодро аслан дар охири солҳои 80-ум барои идоракунии амволи мусодирашуда пас аз инқилоби исломии соли 1979 таъсис дода буданд.

Дертар он ба як идораи бисёрсоҳа табдил шуда, Бунёди зертобеаш, “Баракат”, аввалин ваксинаи маҳаллии COVID-19-ро дар Эрон тавлид кард. Ваксина моҳи июни имсол аз тарафи мақомоти тандурустии Эрон иҷозаи истифода гирифт.

XS
SM
MD
LG