Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба Толибон. Идомаи набардҳои хунин дар Афғонистон


Ҳавопаймои B-52. Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои B-52. Акс аз бойгонӣ

Ба гузориши бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, ҳавопаймоҳои амрикоии B-52 ба маконҳои Толибон дар шаҳри Шибирғон, маркази вилояти Ҷузҷон, ҳамла кардаанд. Муовини сухангӯйи Вазорати мудофиаи Афғонистон дар Твиттер навиштааст, ҳамла шоми 7-уми август сурат гирифт ва "Толибон талафоти сангин доданд".

Ба қавли ӯ, "дар натиҷаи бомбаборони ҷангандаҳои амрикоӣ миқдори зиёде аз силоҳу муҳиммоти Толибон, аз ҷумла васоили нақлияи онҳо вайрон шуд." То кунун Толибон дар ин маврид чизе нагуфтаанд.

Аз ин пеш як манбаи Пентагон ё Вазорати мудофиаи Амрико ба рӯзномаи "Таймз" гуфта буд, ки президент Ҷо Байден ба ҳавопаймоҳои B-52 ва "Спектр" дастур додааст, макони ҷангҷӯёни Толибонро нишон бигиранд.

Иёлоти Муттаҳида тасарруфи шаҳрҳо аз сӯйи Толибон ва ҳамлаҳои хушунатомези ин гуруҳи ҷангҷӯро дар Афғонистон маҳкум кардааст. Сафорати Амрико дар Кобул 7-уми август дар эъломияе бо ишора ба ҳамлаҳои ахири Толибон бар шаҳри Заранҷ – маркази Нимрӯз ва Шибирғон – маркази Ҷузҷон гуфтааст, “ин иқдом ба манзури таҳмили иҷбории ҳокимияташон пазируфтанӣ нест”.

Бар асоси эъломия, “Толибон нисбат ба рифоҳ ва ҳуқуқи шахсони мулкӣ беэътиноии амиқ аз худ нишон медиҳанд ва буҳрони башарӣ дар Афғонистонро шиддат мебахшанд”.

Дар изҳороти сафорати Амрико дар Кобул аз Толибон хоста шудааст, бо оташбаси доимӣ ва ҳамаҷониба мувофиқат кунанд ва дар музокироти сулҳ ба таври пурра иштирок намоянд, то ранҷи мардуми Афғонистон хотима ёбад.

Дар ҳамин ҳол, Абдулқодир Молия, муовини волии Ҷузҷон, дар суҳбат бо хабаргузории “Франсс Пресс” тасарруфи шаҳри Шибирғон, маркази ин вилоятро аз тарафи Толибон тасдиқ кардааст.

Мирвайс Станакзай, сухангӯйи Вазорати умури дохилии Афғонистон, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, Толибон дар баъзе аз гӯшаҳои Шибирғон пешравӣ карданд, “аммо шаҳр ба зудӣ аз вуҷуди ҷангҷӯён пок карда хоҳад шуд”.

Абдулқодир Фӯлод, раиси ҷомеаи мадании вилояти Ҷузҷон, бо ишора ба таҳаввулоти ахири амниятӣ дар Шибирғон ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳукумати марказӣ ончунон, ки бояд бо нерӯҳои хезиши мардумӣ ва нирӯҳои амниятӣ ҳамкорӣ мекард, мутаассифона, накард. Мо дод задем, мутаассифона, Шибирғонро, ки аз лиҳози стратегӣ ва сиёсӣ яке аз шаҳрҳои муҳим буд, аз даст додем.”

Рӯзи ҷумъа як мансбадори афғон бо шарти фош накардани номаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, Толибон шаҳри Заранҷ, маркази вилояти Нимрӯзро тасарруф карданд. Толибон дар эъломияе рӯзи шанбе ба мақомҳои давлатӣ гуфтаанд, барои фирор аз шаҳр талош накунанд, балки ба зиндагии одиашон баргарданд.

Аз аввали моҳи майи имсол, бо оғози берун рафтани нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, хушунатҳо ва даргириҳо дар манотиқи гуногуни ин кишвар шиддат ёфтааст.

Ҳироту Қандаҳор, Лашкаргоҳ, Файзобод, Толиқон, Заранҷ ва Шибирғон шаҳрҳое ҳастанд, ки Толибон ба хотири тасарруфи онҳо ҳамлаҳои густардаро оғоз кардаанд. Аммо ҳукумати Афғонистон мегӯяд, Толибон қодир ба нигаҳдорӣ ва контроли ҳеч минтақае нестанд.

XS
SM
MD
LG