Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат гуфт, 70 каси дигар дар Тоҷикистон бемор шуданд


Мошини Ёрии таъҷилӣ
Мошини Ёрии таъҷилӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон 7-уми август хабар дод, ки дар шабонарӯзи охир 70 каси дигар ба бемории коронавирус мубтало шуданд.

Дар умум, ба иттилои расмӣ, бемории ҳамагир ба 15 ҳазору 583 кас сироят карда, боис ба марги 122 нафар гардидааст. Мақомот дар бораи шифо ёфтани 97 дарсади гирифторон мегӯянд, аммо шубҳаҳо ба дурустии омор ҳамоно боқист.

Баъзе аз сокинону мутахассисон бовар доранд, шумори расмии беморону фавтидагон бештар аз ин аст.

Дар ҳоли ҳозир шумори гирифторон ба COVID-19 дар саросари ҷаҳон рӯ ба афзоиш аст. Яке аз сабабҳои бештар шудани гирифторонро Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба навъи "Делта"-и коронавирус рабт медиҳад.

Намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 26-уми июл эълон карданд, ки эҳтимол навъи "Делта" (Delta)-и коронавирус дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Дар Тоҷикистон охири моҳи апрели соли 2020 ва дар пайи фишори дохиливу берунӣ вуҷуди коронавирусро эътироф карданд. Мақомоти Тоҷикистон аз моҳи январ то охири моҳи июни имсол пойфишорӣ доштанд, ки дар кишвар сирояти коронавирус сабт нашудааст. Ситоди муқобила бо коронавирус танҳо 21-уми июн тасдиқ кард, ки сокинон дубора ба бемории ҳамагир мубтало шудаанд.

XS
SM
MD
LG