Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иёлоти Муттаҳида низ аз шаҳрвандонаш хостааст, фавран Афғонистонро тарк кунанд


Парчами Амрико ва Бритониё
Парчами Амрико ва Бритониё

Бахши афғонистонии Радиои Озодӣ рӯзи 7-уми август навишт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз шаҳрвандонаш хостааст, фавран Афғонистонро тарк кунанд.

Ба иттилои манбаъ, сафорати Амрико дар Кобул дар як ҳушдори амниятӣ дар Твиттер гуфтааст, шаҳрвандон бо истифода аз парвозҳои тиҷоратӣ аз ин кишвар берун шаванд.

Пеш аз ин ҳукумати Бритониё ба тамоми шаҳрвандони ин кишвар ҳушдор дода буд, ки ба далели бад шудани вазъи амниятӣ ҳарчи зуд аз Афғонистон бароянд.

Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди Бритониё 6-уми август дар ин бора дар вебсайташ огоҳӣ нашр кард.

Ҳушдорҳои Амрикову Бритониё ба шаҳрвандонашон дар Афғонистон дар замоне аст, ки Толибон ҳамлаҳои худро афзоиш дода, рӯзи ҷумъа шаҳри Заранҷ, маркази вилояти Нимрӯзро тасарруф кард. Ин нахустин маркази як вилоят дар Афғонистон аст, ки Толибон ишғол карданд.

XS
SM
MD
LG