Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден ба фирориён аз Ҳонгконг иҷоза дод, ки дар Амрико бимонанд


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико, дар мавриди кумак ба зодагони Ҳонгконг, ки аз таъқиби мақомоти Чин ба Иёлоти Муттаҳида фирор кардаанд, ёддоштеро имзо намуд. Дар ин бора Би-би-сӣ рӯзи 7-уми август гузориш дод.

Бар асоси ин санад, ба зодагони Ҳонгконг, ки муҳлати виза ё раводидашон гузаштааст, иҷозат дода мешавад, онро дароз кунанд ва то якуним сол дар Амрико бимонанд.

Дар шарҳи ин иқдом, Байден Пекинро ба "поймол кардани ҳуқуқ ва озодиҳо дар Ҳонконг" гунаҳкор кард.

Ин тасмим ба хотири сабук кардани вазъи чандин ҳазор муҳоҷир аз Ҳонгконг пешбинӣ шудааст. Дар онҷо, пас аз мавҷи эътирозҳои соли 2019, мақомоти Чин ба зидди фаъолону расонаҳои мустақил ва тоҷирон ҳамлаи густардаеро оғоз карданд.

Чин санади Вашингтонро "дахолат ба корҳоӣ дохилӣ" ва "нақзи қонунҳои байналмилалӣ" хонд.

Пештар Бритониё, ки то соли 1997 соҳиби қонунии Ҳонконг буд, низ дар мавриди кумак ба шаҳрвандони Ҳонгконг ибрози омодагӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG