Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби ҳоким номзадии Шавкат Мирзиёевро пешбарӣ кард


Шавкат Мирзиёев аз соли 2016 ҷилави қудратро дар Узбекистон ба даст дорад
Шавкат Мирзиёев аз соли 2016 ҷилави қудратро дар Узбекистон ба даст дорад

Ҳизби ҳокими либерал-демократи Узбекистон рӯзи 7-уми август номзадии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии феълиро барои иштирок дар интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ пешбарӣ кард.

Интихобот дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон 24-уми октябри имсол баргузор хоҳад шуд.

Мирзиёеви 64-сола ҳанӯз ба ин эълон вокуниш накардааст. Бисёриҳо пешбинӣ доранд, ки ӯ барои бори дувум ба даст гирифтани раёсати ҷумҳурӣ талош хоҳад кард.

Шавкат Мирзиёев, ки дар гузашта дар мансаби сарвазир буд, соли 2016 ва пас аз марги раҳбари пешинаи Узбекистон, Ислом Каримов, ба қудрат дар ин кишвари авторитарии Осиёи Марказӣ расид.

Ӯ дар панҷсолаи аввали раёсаташ як барномаи назарраси ислоҳоти иқтисодиро оғоз кард ва баъзе аз маҳдудиятҳои озодиҳои мазҳабӣ ва расонаҳоро сабук намуд, ҳарчанд танқидҳо низ кам нест.

Чаҳор ҳизби сиёсии дигар дар Узбекистон, ки дар порлумон намоянда доранд, номзадҳои худро барои иштирок дар интихоботи президентӣ пешбарӣ кардаанд.

Аммо аз ҳоло эътимод ба одилонаву шаффоф гузаштани интихобот дар Узбекистон камтар аст, чун баъзе аз номзадҳо ба ин маърака роҳ наёфтанд. Ҷаҳонгир Отаҷонов, овозхони шинохта, ва яке аз довталабони курсии президентӣ, чанд ҳафта пеш гуфт, бо сабаби он ки хонаводааш зери фишор ҳастанд, тасмим гирифт, аз саҳнаи сиёсат канор равад.

XS
SM
MD
LG