Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони демократ аз Байден хостанд, Гуантанаморо бандад


Чандин зодаи Тоҷикистон низ дар зиндони Гуантанамо буданд
Чандин зодаи Тоҷикистон низ дар зиндони Гуантанамо буданд

Даҳҳо вакили Ҳизби демократ дар Маҷлиси Намояндагони Амрико аз Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии он кишвар, хостаанд, ки зиндони Гуантанаморо дар Куба бандад. 75 қонунгузор ин дархостро дар номае рӯзи панҷшанбе (5-уми август) матраҳ кардаанд.

Онҳо дар нома идомаи фаъолияти зиндонро зарбае ба ному кори Амрико донистаанд, ки ба гуфтаашон тавоноии ин кишварро дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи башару ҳокимияти қонун суст мекунад.

Зиндони Гуантанамо пас аз ҳамлаҳои ёздаҳуми сентябри соли 2001 ташкил шуд. Пас аз чанд ҳафта аз ин ҳодиса бист сол мегузарад.

Дар ин зиндон наздик ба 800 нафар, аз ҷумла чанд зодаи Тоҷикистон, нигоҳ дошта мешуданд. Дар ҳоли ҳозир 39 тан мондаанд. Ба гуфтаи қонунгузорон бисёре аз онҳо нотавон ҳастанд.

Раиси ҷумҳури Амрико Ҷо Байден дар маросими савгандхӯриаш дар моҳи январи имсол дар мавриди бастани зиндони Гуантанамо низ ишора карда буд.

Холид Шайх Муҳаммад, ки ӯро тарроҳи ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар Амрико меҳисобанд, ҳанӯз дар зиндони Гуантанамо ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG