Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваксина дар Осиёи Марказӣ. Иддае ҳарос доранд, мақомот "зӯриву зорӣ" мекунанд. ВИДЕО


Тарс аз ваксина хоси мардуми Тоҷикистон нест ва дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳарос аз ваксина вуҷуд дорад.
Тарс аз ваксина хоси мардуми Тоҷикистон нест ва дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳарос аз ваксина вуҷуд дорад.
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бемории COVID-19 дигарбора зиёд шудааст, шеваҳои ваксинзанӣ барои пешгирӣ аз маргу мир, натиҷаи баръакс ҳам додааст. Сокинони минтақа аз гирифтани ваксина метарсанд, ки мабодо онҳоро бемор накунад, мақомот ҳам ба ҷойи ташвиқу тарғиб роҳи маҷбур карданро пеш гирифтаанд.

ТОҶИКИСТОН

"Ваксина ин доруест, ки моро аз тамоми касалиҳо ба мисли гриппу COVID-19 эмин медорад. Мо бояд худамонро муҳофизат кунем", -- мегӯяд ҷавоне дар Душанбе.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон ингуна ақида зиёд аст, мухолифони гирифтани ваксина ба зидди COVID-19 зиёдтаранд ва далелҳои аҷибу ғариб ҳам меоранд. Мисли як мард, ки ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, "ҷурғот бихӯред, беҳтар аз ваксина аст". “Хусусан ман ваксина намегирам. Агар тавонед, варзиш кунед, чизҳои бақувват хӯред, чизҳои деҳқонӣ хӯред”, -- гуфт ин мард.

Раҳгузари дигаре дар Душанбе илова кард, “ман намехоҳам аз COVID-19 ваксина бигирам, чунки саломатиам хуб аст ва агар ваксина гирам, оризаҳо диҳад, бад мешавад.”

Тоҷикистон ваксинаи "Модерна" дарёфт кард, 26-уми июли соли 2021
Тоҷикистон ваксинаи "Модерна" дарёфт кард, 26-уми июли соли 2021

Дар таксиву нақлиёти умумӣ баъзеҳо ҳамон бофтаҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоиро далел меоранд, ки ваксина инсонро безурёт мекунад, барои ҳамин набояд гирифт. Барои ташвиқи аҳолӣ вазири тандурустии Тоҷикистон ҳам худаш ваксина гирифт, вале тарс ҳамоно барҷост, ки мардум зиёд ба бемористонҳо намераванду ваксина намегиранд.

Бо густариши сирояти коронавирус ва маргу мир аз он ҳоло мақомот табибонро ҳатто ба масҷидҳо мефиристанд, ки баъди намози ҷумъа мардумро маҷбурӣ ваксина бизананд. Коре, ки ба гуфтаи ҳуқуқдонон ғайриқонунист.

Дар Тоҷикистони 9-миллионафарӣ, ба иттилои Вазорати тандурустӣ, то кунун бештар аз ним миллион нафар ваксина гирифтаанд. Бемории COVID-19, ки ҳоло навъи Делтаи он дар кишвар хуруҷ кардааст, аз моҳи апрел то рӯзи 2-юми август бештар аз 15 ҳазор нафарро бемор карда, 121 нафарро куштааст. Омори расмие, ки бисёриҳо ба он шубҳа доранд.

УЗБЕКИСТОН

Як сокини Узбекистон ваксинаи зидди коронавирус мегирад
Як сокини Узбекистон ваксинаи зидди коронавирус мегирад

Тарс аз ваксина хоси мардуми Тоҷикистон нест ва дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳарос аз ваксина вуҷуд дорад. Дар Узбекистони ҳамсоя асосан ваксинаи ZF-UZ-VAC2001 истифода мешавад, ки офаридаи Чину Узбекистон аст. “Спутник V” ва “Астразенека” низ ҳаст.

Азбаски доруву дигар маҳсулоти Чин дар минтақа обрӯи зиёде надоранд, мардуми Узбекистон аз он мегурезанд ва ба гуфтаи табибон ҳақ низ доранд. Қарор аст, ба зудӣ истеҳсоли ваксинаи дигари дохилӣ ба роҳ монда шавад.

ҚАЗОҚИСТОН

Дар Узбекистон то кунун аз роҳи зӯриву зорӣ тақрибан 7 миллион нафар аз аҳолии бештар аз 38-миллионнафариро ваксина задаанд. Дар Қазоқистони ҳамсоя бо Узбекистон ҳам аҳвол чунин аст. Дар онҷо мардум аксаран ваксинаи русии “Спутник V” мегиранд ва ваксинаи QazCovid-In-ро, ки олимони қазоқ офаридаанд.

Дар Қазоқистон ба истифода аз ваксинаи дохилии QazVaс иҷоза додаанд
Дар Қазоқистон ба истифода аз ваксинаи дохилии QazVaс иҷоза додаанд

Як сокини Алмаато гуфт, “ман фикр мекунам, набояд мардумро маҷбур кунанд, ки ваксина бигиранд. Бояд интихоб дошта бошанд. Ин ваксинаҳо дуруст озмоиш нашудаанд. Мақомоти мо шитобкорӣ мекунанд."

Дар ин кишвар то ҳол бештар аз 5 миллиону 200 ҳазор нафар ваксина гирифтаанд. Аҳолии Қазоқистон 19 миллион нафар аст. Дар Қазоқистон гуруҳе аз мухолифони ваксинзанӣ, ки ба сифати ваксинаи русӣ ва дохилӣ шубҳа доранд, як рӯз муовини вазири тандурустиро ҳам заданд.

ҚИРҒИЗИСТОН

Дар Қирғизистон, ки коронавирус рӯзҳои сахтеро ба сари мардум овард, то ҳол айни кишварҳои дигар ҳарос аз эмкунӣ ба зидди COVID-19 вуҷуд дорад ва баъзе аз баёнияҳои баҳсбарангези мақомот шубҳа дар бораи ваксинзаниро зиёдтар кардааст.

Олимқодир Бейшеналиев: "Ваксина доруи нав аст. Ҳоло касе намедонад, ки он сабаби безурётӣ мешавад ё не. Ин масъала таҳқиқ нашудааст, чун ваксинаро фақат 8 моҳ пеш сохтанд. Дар ин бора пас аз 10 сол метавон суҳбат кард."

Дар ин ҳамсоякишвари бештар аз шашуним миллионафарии Тоҷикистон то кунун бештар аз ним миллион нафар ваксина гирифтаанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ё ба зорӣ, ё ба зӯрӣ. Эмкунӣ дар Осиёи Марказӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:55 0:00

ТУРКМАНИСТОН

Дар Туркманистон, ба гуфтаи мақомот, то ҳол касе ба СОVID-19 гирифтор нашудааст, ҳарчанд касе ба ин гуфта бовар надорад. Ба иттилои бахши туркмании Радиои Озодӣ, баръакс мардум аз густариши васеи беморӣ ва маргумир аз он суҳбат мекунанд. Айни замон дар ин кишвари 6-миллионнафарӣ мардуми калонсолро маҷбур мекунанд, ки ваксина бигиранд.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, мумкин аст, мавҷи нави дигари беморӣ дар ҷаҳон дар пеш бошад ва барои ҳамин ваксиназанӣ беҳтарин роҳи пешгирӣ аз талаф ёфтани мардум аст. Айни замон тавсияаш ин аст, ки мардумро ҳарчӣ бештар аз роҳи ташвиқу тарғиб ба гирифтани ваксина мойил кунанд, на зӯрӣ, ки дар Осиёи Марказӣ бо аҳолии бештар аз 70-миллионнафарӣ дида мешавад.

XS
SM
MD
LG