Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати тандурустӣ: Навъи "Делта"-и коронавирус дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. ВИДЕО


Ғафур Муҳсинзода
Ғафур Муҳсинзода

Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки эҳтимол навъи "Делта" (Delta)-и коронавирус дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Бори аввал аст, ки мақомоти тоҷик будани ин навъи бемории ҳамагирро эътироф мекунанд, аммо ҷорӣ кардани карантинро зарур намешуморанд. Баъзе аз сокинон мақомотро ба бепарвоӣ муттаҳам мекунанд.

Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустӣ, рӯзи 26-уми июл ҳангоми нишасти матбуотӣ гуфт, бо назардошти ин ки "Делта" дар кишварҳои ҳамсоя ошкор шудааст, "дар Тоҷикистон ҳам вуҷуд доштани он рад намешавад". Ӯ афзуд, "навъи санҷишҳои беморон барои ташхиси тиббӣ ба як озмоишгоҳи Лондон фиристода шудааст."

Муҳсинзода дар идомаи нишасти матбуотӣ гуфт, таҳлили Вазорати тандурустӣ баёнгари он аст, ки "аз 5 нафар 1 кас ба шакли вазнин бемор мешавад".

"Бино бар таҳлилҳои мо,

  • 43 дарсад дар хона,
  • 12 дарсад дар корхона ва
  • 11 дарсад дар маъракаҳо ба коронавируси нав мубтало шудаанд", -- шарҳ дод вай.

Ба иттилои муовини аввали вазир, аз ҳама бештар шумори гирифторон дар вилояти Суғд сабт шудаанд:

  • "34 дарсад ба Душанбе,
  • 36 дарсад ба Суғд,
  • 11 дарсад ба Хатлон,
  • 13 дарсад ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва
  • 6 дарсад ба ВМКБ рост меояд."

Айни замон ӯ гуфт, "ягон камбуд дар табобат надорем" ва "барои муқобила бо ин навъи вирус ҳам омода ҳастем".

Аммо баъзе аз сокинон мақомотро ба бепарвоӣ дар муқобила бо бемории ҳамагир танқид мекунанд. Гуруҳе хоҳони онанд, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ дар Тоҷикистон ҳарчи зуд карантин эълон шавад, аммо на дар мавҷи аввали беморӣ ва на ҳоло карантин эълон нашудааст.

Муовини аввали вазири тандурустӣ гуфт, ҳоло зарурати ҷорӣ кардани карантин нест, "зеро вазъият он тавре нест, ки карантин роҳандозӣ шавад. Мардум бояд талош кунанд, ки ваксина гиранд, эҳтиёткор бошанд ва тавсияҳои мутахассисонро барои пешгирӣ ҷиддӣ гиранду риоя кунанд."

Гузориши ҷидеоӣ дар инҷост:

Вазорати тандурустӣ: Навъи "Делта"-и коронавирус дар Тоҷикистон вуҷуд дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Дар ҳоли ҳозир шумораи гирифторон ба COVID-19 дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, рӯ ба афзоиш аст. Яке аз сабабҳои афзоиши гирифторонро Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар навъи "Делта"-и коронавирус мебинад.

Навъи "Delta", ки бори аввал дар Ҳиндустон кашф шуд, ҳоло ҳадди ақал дар 111 кишвар мавҷуд аст ва боис ба рӯ задани мавҷи нави сироятҳо дар чанде аз кишварҳо шудааст. Ин навъи короновирус назар ба ҳамаи навъҳои дигар бо суръати бештар паҳн мешавад.

Аз ибтидои вабои коронавирус дар саросари дунё бештар аз 187 миллион кас ба бемории ҳамагир мубтало шуда, бештар аз 4 миллион кас фавтидаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, то рӯзи 25-уми июл дар Тоҷикистон 14592 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда, 117 нафар ҷони худро аз даст доданд. Аммо баъзе аз сокинону мутахассисон теъдоди воқеии беморону ҷонбохтагонро бештар аз омори расмӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG