Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикон беш аз 206 ҳазор сомонӣ доданд, хориҷиҳо пул нагузаронданд". Вазорат посухашро дигар кард


Бинои Вазорати молияи Тоҷикистон.
Бинои Вазорати молияи Тоҷикистон.

Вазорати молияи Тоҷикистон ба танқидҳои корбарони "Фейсбук" дар бораи кумак ба зарардидагони муноқишаи марзӣ вокуниш кард. Рӯзи 2-юми август Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молия, зимни нишасти хабарӣ гуфт, ба суратҳисоби зарардидагони муноқишаи марзӣ "маблағ ворид нашудааст".

Дар пайи ин, Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва масъули гуруҳи фейсбукии "Ахбор барои афкор" расид ё чекеро нашр кард ва гуфт, аз ҳисоби хайрияи мардум ба суратҳисоби бозкардаи Вазорати молия 10 ҳазор сомонӣ гузарондааст.

Раҷаби Мирзо ва даҳҳо корбари дигар "Фейсбук" пурсиданд, ки 10 ҳазор сомонӣ куҷо шуд, вақте муовини аввали вазир мегӯяд, ба суратҳисоб пуле ворид нашудааст.

Дафтари матбуоти Вазорати молия шоми 2-юми август бо нашри баёнияе гуфт, манзури муовини якуми вазир "ин буд, ки аз ҷониби ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявӣ то имрӯз ба ин суратҳисоб маблағ ворид нагардидааст".

Дар хабари вазорат омадааст, аз ҷониби шаҳрвандони кишвар то имрӯз ба ин суратҳисоб беш аз 206 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки "аз рӯи таъинот истифода карда мешавад".

Изҳороти Вазорати молия дар ҳолест, ки хабарнигорон зимни нишасти хабарӣ аз масъулин дар бораи чӣ қадар ворид шудани маблағ ба суратҳисоби зарардидагони муноқишаи марзӣ пурсида буданд.

Ин суратҳисобро се моҳ пеш, замоне кушоданд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ мустақилона ба ҷамъоварии ёрӣ дасту остин барзада буд. Мақомот аз сокинон хостанд, хайрияи худро на ба гуруҳҳои алоҳида, балки ба суратҳисоби махсус гузаронанд. Иддае кумакҳои худро пас гирифтанд, вале баъзе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, ба суратҳисоби вазорат низ маблағ гузаронданд.

XS
SM
MD
LG