Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми нави Амрико ва Исроил ба зидди Эрон


Нерӯи баҳрии Амрико мегӯяд, як ҳавопаймои бесарнишин ба киштии нафткаши Исроил дар обҳои Умон ҳамла кардааст. Дар ин ҳодиса, ки 29-уми июл иттифоқ афтод, ду нафар кушта шуданд.

Исроил Эронро ба анҷоми ҳамла муттаҳам кард. Ду тан аз ҳайати хадамаи киштӣ, ки кушта шуданд, шаҳрвандони Бритониё ва Руминия будаанд.

Дар эъломияи нерӯи баҳрии Амрико аз 31-уми июл гуфта шудааст, далелҳои дақиқ аз вуқӯи ҳамла тавассути ҳавопаймои бесарнишин вуҷуд дорад.

Вазири корҳои хориҷии Исроил пас аз гуфтугӯ бо ҳамтои амрикоиаш рӯзи шанбе гуфт, Эрон масъули ин ҳамла аст. Эрон то ҳанӯз дар мавриди ин изҳороти мансабдорони Исроил чизе нагуфтааст.

XS
SM
MD
LG