Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ба маркази вилояти Ҳирот ҳамла кардаанд


Нерӯҳои ҳукумати Афғонистон дар Ҳирот
Нерӯҳои ҳукумати Афғонистон дар Ҳирот

Нерӯҳои ҳукумати Афғонистон рӯзи 30-уми июл дар канори шаҳри Ҳирот бо Толибон вориди ҷанг шуданд.

Толибон иддао карданд, ки бахше аз маркази вилояти Ҳиротро гирифтаанд, вале мақомоти афғон ин гапро беасос номиданд.

Ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, ҳамлаи гурӯҳи Толибон пас гардонида шуд.

Фавод Амон, муовини сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон гуфт, ки талоши Толибон барои тасарруфи маркази вилояти Ҳирот, Қандаҳор, Ҳилманд ва Тахор ноком гашт.

Ӯ гуфт, ки Толибон дар аксар манотиқ шикаст хӯрданд.

“Иншооллоҳ вазъ беҳтар хоҳад шуд.",--гуфт ӯ.

Толибон дар ду моҳи ахир ҷангро барои тасарруфи ноҳияҳои бештари Афғонистон оғоз кардаанд. Қисмати бештари марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ҳоло аз ҷониби онҳо назорат мешавад.

XS
SM
MD
LG