Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Исроил коргоҳи таҳиягари барномаи ҷосусиро бозҷӯӣ карданд


FILES-ISRAEL-US-TECH-RIGHTS-SPYWARE
FILES-ISRAEL-US-TECH-RIGHTS-SPYWARE

Хадамоти махсуси Исроил коргоҳи ширкати "NSO Group", таҳиягари барномаи тиҷории ҷосусии "Pegasus"-ро, ки дар рахна шудани телефони зиёда аз даҳ раҳбари давлат истифода шудааст, бозҷӯӣ кардаанд.

Дар ин бора Вазорати дифои Исроил хабар додааст. Худи "NSO Group" хабари бозҷӯӣ шудани коргоҳи худро тасдиқ карда, гуфт, аз он истиқбол мекунад. Ширкат хабари расонаҳо дар бораи истифода шудани барномаи Pegasus-ро дар таъқиби рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон дуруғ номид. Масъулони ширкат гуфтанд, ин барнома барои мубориза бо террористон ва ҷинояткорон сохта шудааст.

Нашрияи Calcalist бо истинод ба манбаи худ хабар дода, ки ба "NSO Group" аз эҳтимоли анҷоми тафтишот ҳушдор дода шудааст. Ҳамчунин хадамоти махсуси Исроил санадҳои ширкатро мушикофона таҳқиқ накардааст. Ба гуфтаи рӯзноманигорон, Вазорати дифои Исроил аз фаъолияти "NSO Group" манфиатдор буда, қаблан онро аз баҳсҳои додгоҳӣ "наҷот" додааст. Эҳтимол меравад, бозҷӯии коргоҳи ширкат ба сафари вазири дифои Исроил Бени Гантс ба Фаронса рабт дорад.

Аз барномаи Pegasus мақомоти Озарбойҷон, Маҷористон, Мексика, Баҳрайн, Ҳинд, Индонезия, Марокаш, Руанда, Ҷумҳурии Конго, Арабистони Саудӣ - дар маҷмуъ наздики 50 давлат истифода кардаанд. Расонаҳо дар бораи рахна шудани телефонҳои 18 роҳбари кишварҳои дунё аз Аврупо, Африқо, Осиё ва Шарқи Наздик бо шумули президентҳои Фаронса Эммануэл Макрон, шоҳи Марокаш Муҳаммади Шашум ва президенти Мексика хабар додаанд.

Барномаи Pegasus имкон дорад, тавассути паёмакҳои одӣ вориди телефон шуда, маълумотро рабояд ва муколамаҳоро хонад.

XS
SM
MD
LG