Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW ба мақомоти Эрон: эътирозгаронро озод кунед


Исфаҳони Эрон. Сокинон оби ошомиданиро аз мошин мегиранд
Исфаҳони Эрон. Сокинон оби ошомиданиро аз мошин мегиранд

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Эрон тақозо кард, шахсонеро, ки барои иштирок дар намоиши эътирозӣ дар Хузистону минтақаҳои дигари ин кишвар ҳабс шудаанд, озод кунанд. Дар изҳороти созмон аз 30-юми июл талаб шудааст, ки истифодаи нирӯ бар зидди эътирозгарон ҳам таҳқиқ шавад.

Рӯзи 15-уми июл дар даҳҳо шаҳру манотиқи вилояти Хузистони Эрон, ки ҷамъияти калони арабҳо дар он зиндагӣ мекунанд, эътирозҳо бархост ва базудӣ ба манотиқи дигар ин кишвар, аз ҷумла, баъзе қисматҳои Теҳрон паҳн шуд.

Эътирози мардум аз он ҷо сарчашма мегирад, ки дар давоми 50 соли охир мушкили дастрасӣ ба об ва таъмини аҳолӣ бо барқ ҳал нашудаву баръакс амиқтар шудааст.

Ҳазорҳо корманди соҳаи нафти Эрон ҳам бо талаби даромад ва маоши беҳтар даст ба коршиканӣ заданд.

Дар ду ҳафтаи охир дар Эрон дастикам нӯҳ эътирозгар кушта шуданд. HRW дар изҳороти худ мегӯяд, амалкарди мақомоти эронӣ нисбат ба эътирозгарон дар Хузистон ва дигар манотиқ мояи нигаронии амиқ шудааст.

XS
SM
MD
LG