Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи нафақаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ниҳоӣ мешавад


Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ватан аз бекорӣ азият мешаванд, Русияро макони асосии кору даромади худ интихоб кардаанд
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ватан аз бекорӣ азият мешаванд, Русияро макони асосии кору даромади худ интихоб кардаанд

Сарвазири Русия Михаил Мишустин ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки созишномаи марбут ба нафақаи муҳоҷиронро ба имзо расонанд. Дар ин бора дар портали иттилооти ҳуқуқӣ хабар дода шудааст. Тибқи санади нашргардида, Михаил Мишустин бо имзои фармон ба Вазорати меҳнат ва вазорат корҳои хориҷии Русия супориш додааст, ки барои имзои созишномаи нафақа бо Тоҷикистон гуфтушунид кунанд. Бар пояи қарордод, ҳар ду ҷониб ҳаҷми нафақапулиро барои муҳоҷирон вобаста ба андози иҷтимоие, ки дар давоми солҳои корӣ дар ин кишварҳо супоридаанд, таъйин хоҳанд кард. Ба ҳамин тартиб муҳоҷири меҳнатӣ баъди баргаштан ба ватан аз кишваре, ки дар он ҷо кор кардааст, нафақапулӣ хоҳад гирифт. Дар бораи ниҳоӣ шудани тарҳи миёни Тоҷикистону Русия оиди пардохти нафақаи муҳоҷирон ҳафтаи гузашта раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон низ иттилоъ дода буд. Феълан ҷузъиёти дигари ин созишнома ва ҳам шартушурути таъйини нафақа ва ҳаҷми он дар даст нест.

XS
SM
MD
LG