Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

46 сарбози афғон ба Покистон ақибнишинӣ карданд


Дар пайи ҳамлаи Толибон даҳҳо марзбони Афғонистон ба хоки Тоҷикистон гузашта буданд
Дар пайи ҳамлаи Толибон даҳҳо марзбони Афғонистон ба хоки Тоҷикистон гузашта буданд

Артиши Покистон гуфт, дар натиҷаи аз даст додани мавқеъҳои худ 46 сарбози артиши Афғонистон ба хоки Покистон ақибнишинӣ карда, аз ин кишвар паноҳандагӣ хостаанд.

Дар давоми ҳафтаҳои гузашта садҳо узви дигари артиши Афғонистон таҳти фишори Толибон ҳамингуна ба хоки Тоҷикистон, Эрон ва Покистон гузашта буданд.

Дар изҳороти артиши Покистон гуфта шудааст, ки низомиёни Афғонистон дар гузаргоҳи Читрол, воқеъ дар шимоли Покистон, паноҳ бурдаанд. Читрол макони марзиест, ки бо се минтақаи Афғонистон – Кунар, Бадахшон ва Нуристон – ҳаммарз мебошад.

Дар изҳороти мақомоти Покистон омадааст, сарбозон шаби гузашта аз марз гузаштанд ва дар миёни онҳо панҷ афсар ҳам мебошанд. Онҳо бо паноҳгоҳ, ғизо ва ёрии зарурии тиббӣ таъмин шудаанд.

Покистон гуфтааст, пас аз анҷоми тамоми муқаррароти зарурӣ, ин гурӯҳи низомиён ва 35 низомие, ки пештар ба Покистон гузашта буданд, дубора ба Афғонистон баргардонда хоҳанд шуд.

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки равобити Исломобод ва Кобул дар вақтҳои охир пуртаниш шудааст. Дар як ҳодисаи чанд ҳафта пеш Кобул барои рабуда шудани духтари сафираш дар Покистон намояндаи дипломатиашро ба ватан бозхонд.

Дар гузашта Афғонистон Покистонро барои пешниҳоди кумакҳои пинҳонӣ ба Толибон муттаҳам кардааст. Исломобод ин иттиҳомотро ҳеч гоҳ напазируфтааст.

XS
SM
MD
LG