Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки тоҷикистониён дар бартарафсозии оқибатҳои обхезиҳои Олмон


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи 18 июл аз деҳоти осебдидаи минтақаи Шулд дидан кард
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи 18 июл аз деҳоти осебдидаи минтақаи Шулд дидан кард

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар Олмон барои бартараф кардани паёмадҳои офати табии ахир ба сокинони маҳаллӣ кӯмак мерасонанд. Ба нақли ин панҷ зодаи вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва сокини гӯшаҳои гуногуни Олмон, онҳо як ҳафта инҷониб барои тоза кардани хонаҳои мардум дар ноҳияи Шулд ихтиёран даст ба кор шудаанд. Ба иттилои мақомоти олмонӣ, ин ноҳияи воқеъ дар қаламрави вилояти Рейнланд-Пфалтс, яке аз осебдидатарин нуқтаҳо дар паи обхезиҳои ду ҳафта пеш ба шумор меравад.

Дар ин минтақаи Олмон дар натиҷаи фаромадани сел дар рӯзи 15 уми июл, даҳҳо манзил вайрон шудаанд. Дар маҷмӯ сел ба беш аз 20 шаҳри Олмон харобӣ оварда роҳҳо, манзилҳои зист ва иншооти давлатиро хароб кард. Беш аз 130 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар беному нишон шуданд.

XS
SM
MD
LG