Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат мавқеашро дар бораи навъи "Делта"-и коронавирус дар Тоҷикистон эълон кард


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки эҳтимол навъи "Делта" (Delta)-и коронавирус дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали Вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 26-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, бо назардошти ин, ки "Делта" дар кишварҳои ҳамсоя ошкор шудааст, дар Тоҷикистон ҳам вуҷуд доштани он рад намешавад. Ӯ афзуд, "навъи санҷишҳои беморон барои ташхиси тиббӣ ба як озмоишгоҳи Лондон фиристода шудааст."

Дар ҳоли ҳозир шумораи гирифторон ба КОВИД-19 дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст. Яке аз сабабҳои афзоиши гирифторонро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар навъи "Делта"-и коронавирус мебинад.

Навъи "Delta", ки бори аввал дар Ҳиндустон кашф шуд, ҳоло ҳадди аққал дар 111 кишвар мавҷуд аст ва боиси рӯ задани мавҷи нави сироятҳо дар чанде аз кишварҳо шуд. Ин навъи короновирус назар ба ҳамаи навъҳои дигар бо суръати бештар сироят мекунад.

Аз ибтидои вабои коронавирус дар саросари дунё бештар аз 187 миллион кас ба КОВИД-19 мубтало шуда, бештар аз 4 миллион кас фавтидаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, то рӯзи 25-уми июл дар Тоҷикистон 14592 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда, 117 нафар фавтидаанд. Аммо бархе мутахассисон мегӯянд, теъдоди воқеии гирифторшудагон аз омори расмӣ бештар аст.

XS
SM
MD
LG