Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Элнур Абдураимов аз Узбекистон рақиби Баҳодур Усмонов шуд


Акси Баҳодур Усмонов аз бойгонии Озодӣ
Акси Баҳодур Усмонов аз бойгонии Озодӣ

Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик, ки 25-уми июл дар Олимпиадаи Токио дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 63 кило бар Леонел Сантоз Нунез аз Доминикан бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд, дар даври баъдӣ бо Элнур Абдураимов, варзишгари қазоқтабори узбекистонӣ, рақобат хоҳад кард.

Ба иттилои сомонаи olympics.com қувваозмоӣ миёни Баҳодур Усмонови 23-сола (либоси сурх) ва Элнур Абдураимови 27-сола (либоси кабуд) рӯзи 31-уми июл соати 12:51 бо вақти маҳаллӣ (8:51 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Муштзани узбекистонӣ ҳам рӯзи якшанбе дар рақобати аввалини худ бар Чинзонг Баатарсух аз Муғулистон бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд.

Элнур Абдураимов барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 дар Қатар мебошад. Ӯ соли 2017 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Ҳамбурги Олмон мақоми панҷумро соҳиб шудааст. Элнур соли 2017 дар қаҳрамонии Осиё дар Тошканд бо медали тило сарфароз шуд. Имсол дар қаҳрамонии Осиё дар Имороти Муттаҳидаи Араб соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Баҳодур Усмонов соли 2019 дар Бангкоки Тайланд ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт. Ӯ дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 2019 дар Екатеринбурги Русия мақоми нӯҳумро касб кард, имсол дар қаҳрамонии Осиё дар Дубай медали биринҷӣ гирифт.

Қади Баҳодур Усмонов 1 метру 75 сантиметр аст, ки нисбат ба рақибаш Элнур Абдураимов 5 сантиметр баландтар аст. Ҳарду муштзани номдору пуртаҷриба, ки дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиёву Уқёнус моҳи марти соли 2020 дар шаҳри Умони Урдун соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Токио шудаанд, мақсад доранд медали олимпӣ ба даст биёранд.

Дар бораи варзишгарони дигари тоҷик

Рӯзи якшанбе муштзани дигари тоҷик Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило аз Даксианг Чен аз Чин бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Боз як муштзани тоҷик Сиёвуш Зуҳуров рӯзи 29-уми июл дар вазни беш аз 91 кило қувваозмоӣ мекунад. Рақибаш Мурод Алиев аз Фаронса мебошад.

Аз байни паҳлавонони тоҷик нахустин шуда Сомон Маҳмадбеков рӯзи 26-уми июл ба сабқат сар хоҳад кард. Баъдан Акмал Муродов 27-уми июл ба рақобат мепардозад. Комроншоҳи Устопириён 28-уми июл ва Темур Раҳимов 30-юми июл вориди рақобат мешаванд.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило дар даври аввал бо Аҳмад Аликай аз тими паноҳандагон рақобат мекунад. Дар радабандии ҷаҳонӣ Сомон дар зинаи 16-ум ва Аҳмад дар зинаи 251-ум қарор доранд. Дар ин вазн ҳамагӣ 36 нафар номнавис шудаанд.

Рақиби Акмал Муродов дар вазни то 81 кило дар даври аввал Ҷоштер Эндрю аз Гуам мебошад. Дар радабандии ҷаҳонӣ Акмал дар зинаи 53-юм ва Ҷоштер дар зинаи 145-ум қарор доранд. Теъдоди варзишгарон дар ин вазн 35 нафарро ташкил медиҳад.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ба рақобат аз даври дувум мепардозад. Рақибаш Аксел Клергет аз Фаронса аст, ки дар феҳристи ҷаҳонӣ нисбат ба Комроншоҳ панҷ зина болост (ҷойи 17-ум). Дар ин вазн 33 гуштигир барои ҷоизаҳо талош мекунанд.

Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бо Энди Гранда аз Куба қувваозмоӣ хоҳад кард. Энди дар феҳристи ҷаҳонӣ нисбат ба Темур се зина поён аст (20-ум). Дар ин вазн 22 нафар сабти ном шудаанд.

Дар намуди дигар - шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов 30-юми июл ба рақобат мепардозанд. Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон рӯзи 31-уми июл рақобат хоҳад кард.

Кӣ чӣ гирифт?

Дар ҳамин ҳол дар Олимпиадаи Токио варзишгарони 35 кишвар медал ба даст овардаанд. Аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо (аввал тилло, баъдан нуқра ва биринҷӣ) мунтахаби Чин дар мақоми аввал аст. Намояндагони ин кишвар 11 медал (6 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) гирифтаанд.

Мақоми дувумро мунтахаби Ҷопон бо касби 6 медал (5 тилло ва 1 нуқра) азони худ кардааст. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) бо касби 10 медал (4 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор дорад.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ (2 медали тилло ва 3 биринҷӣ), Русия (1 медали тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ), Италия (1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ), Австралия (1 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ), Фаронса (1 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ), Маҷористон ва Тунис (ҳар кадом 1 медали тилло ва 1 нуқра) дохиланд.

Аз кишварҳои Шӯравии собиқ ба ҷуз аз Русия, Узбекистон як медали тилло, Гурҷистон як медали нуқра, Қазоқистон ва Украина дутоӣ медали биринҷӣ, Эстония як медали биринҷӣ гирифтаанд.

Дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ мекунад. Се нафари онҳо – паҳлавон Комроншоҳи Устопириён, шиноварон Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов бори дуюм аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шудаанд. Ҳарсе дар Олимпиадаи Рио-2016 иштирок карда буданд. Ҳафт нафари дигар бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзанд.

Дар асоси низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои аввал, дувум ва севумро сазовор мешаванд, мутаносибан 300 000 сомонӣ, 250 000 сомонӣ ва 200 000 сомонӣ супурда мешавад.

Инчунин шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба варзишгароне, ки дар Олимпиадаи Токио медал ба даст меоранд, дар пойтахти кишвар хона туҳфа мекунад. Аз ҷумла, барои медали тилло хонаи чорҳуҷрагӣ, барои медали нуқра хонаи сеҳуҷрагӣ ва барои медали биринҷӣ хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио, ки 23-юми июл шуруъ шуд, то 8-уми август идома хоҳад кард. Олимпиада мебоист соли гузашта баргузор мешуд, аммо ба иллати пандемияи коронавирус барои як сол мавқуф гузошта шуд.

XS
SM
MD
LG