Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии муштзани тоҷик, Баҳодур Усмонов, дар рақобати нахустинаш дар Олимпиадаи Токио


Баҳодур Усмонов аз тарафи рост, акс аз бойгонӣ
Баҳодур Усмонов аз тарафи рост, акс аз бойгонӣ

Рӯзи 25-уми июл дар Олимпиадаи Токио ду муштзани тоҷик дар даври муқаддамотӣ рақобат карданд. Нахуст Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило бо Леонел Сантоз Нунез аз Доминикан вориди сабқат шуд. Ин қувваозмоӣ бо пирӯзии Баҳодур бо ҳисоби 4:1 хотима ёфт. Муштзани тоҷик ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Сипас Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило бо Даксианг Чен аз Чин вориди рақобат шуд. Дар ин сабқат намояндаи Чин бо ҳисоби 4:0 ғолиб омад. Шаббос аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Муштзани дигари тоҷик Сиёвуш Зуҳуров, писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, 29-уми июл дар вазни беш аз 91 кило қувваозмоиро аз даври 1/8-ниҳоӣ шуруъ мекунад. Рақибаш Мурод Алиев аз Фаронса аст.

Аз байни паҳлавонони тоҷик нахустин шуда Сомон Маҳмадбеков рӯзи 26-уми июл ба сабқат сар хоҳад кард. Баъдан Акмал Муродов 27-уми июл ба рақобат мепардозад. Комроншоҳи Устопириён 28-уми июл ва Темур Раҳимов 30-юми июл вориди рақобат мешаванд.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило дар даври аввал бо Аҳмад Аликай аз тими паноҳандагон рақобат мекунад. Дар радабандии ҷаҳонӣ Сомон дар зинаи 16-ум ва Аҳмад дар зинаи 251-ум қарор доранд. Дар ин вазн ҳамагӣ 36 нафар номнавис шудаанд.

Рақиби Акмал Муродов дар вазни то 81 кило дар даври аввал Ҷоштер Эндрю аз Гуам мебошад. Дар радабандии ҷаҳонӣ Акмал дар зинаи 53-юм ва Ҷоштер дар зинаи 145-ум қарор доранд. Теъдоди варзишгарон дар ин вазн 35 нафарро ташкил медиҳад.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ба рақобат аз даври дувум мепардозад. Рақибаш Аксел Клергет аз Фаронса аст, ки дар феҳристи ҷаҳонӣ нисбат ба Комроншоҳ панҷ зина болост (ҷойи 17-ум). Дар ин вазн 33 гуштигир барои ҷоизаҳо талош мекунанд.

Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бо Энди Гранда аз Куба қувваозмоӣ хоҳад кард. Энди дар феҳристи ҷаҳонӣ нисбат ба Темур се зина поён аст (20-ум). Дар ин вазн 22 нафар сабти ном шудаанд.

Дар намуди дигар - шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов 30-юми июл ба рақобат мепардозанд. Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон рӯзи 31-уми июл рақобат хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол дар Олимпиадаи Токио варзишгарони 33 кишвар медал ба даст овардаанд. Аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо (аввал тилло, баъдан нуқра ва биринҷӣ) мунтахаби Ҷопон дар мақоми аввал аст. Намояндагони ин кишвар 4 медал (3 тилло ва 1 нуқра) гирифтаанд.

Мақоми дувумро мунтахаби Чин бо касби 5 медал (3 тилло ва 2 нуқра) азони худ кардааст. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) бо касби 7 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор дорад.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин дастаҳои мунтахаби Австралия (1 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ), Русия (1 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ), Италия (1 медали тилло, 1 нуқра), Тунис (1 медали тилло, 1 нуқра), Кореяи Ҷанубӣ (1 медали тилло ва 2 биринҷӣ), Эквадор, Маҷористон, Эрон, Косово ва Тайланд (яктоӣ медали тилло) дохиланд.

Аз кишварҳои Шӯравии собиқ ба ҷуз аз Русия, Эстония, Қазоқистон ва Украина яктоӣ медали биринҷӣ гирифтаанд.

Дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ мекунад. Се нафари онҳо – паҳлавон Комроншоҳи Устопириён, шиноварон Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов бори дуюм аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шудаанд. Ҳарсе дар Олимпиадаи Рио-2016 иштирок карда буданд. Ҳафт нафари дигар бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзанд.

Ёдовар мешавем, дар асоси низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои аввал, дувум ва севумро сазовор мешаванд, мутаносибан 300 000 сомонӣ, 250 000 сомонӣ ва 200 000 сомонӣ супурда мешавад.

Инчунин шаҳрдори Душанбе ба варзишгароне, ки дар Олимпиадаи Токио медал ба даст меоранд, дар пойтахти кишвар хона туҳфа мекунад. Аз ҷумла, барои медали тилло хонаи чорҳуҷрагӣ, барои медали нуқра хонаи сеҳуҷрагӣ ва барои медали биринҷӣ хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио, ки 23-юми июл шуруъ шуд, то 8-уми август идома хоҳад кард. Олимпиада мебоист соли гузашта баргузор мешуд, аммо ба иллати пандемияи коронавирус барои як сол мавқуф гузошта шуд.

XS
SM
MD
LG