Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Павел Грудинин, номзади Ҳизби коммунист, аз иштирок дар интихоботи Русия маҳрум шуд


Павел Грудинин дар интихоботи соли 2018 яке аз рақибони Владимир Путин буд
Павел Грудинин дар интихоботи соли 2018 яке аз рақибони Владимир Путин буд

Мақомоти интихоботии Русия як номзади бонуфузи Ҳизби коммунистро аз ширкат дар интихоботи порлумонии моҳи сентябр маҳрум карданд.

Кумисюни марказии интихобот рӯзи 24-уми июл гуфт, номи Павел Грудинин аз рӯйхати ҳизбӣ берун карда шуд, чун Додситонӣ дороиҳои ӯро дар хориҷа ёфтааст.

Грудинин дар интихоботи президентии соли 2018 дар Русия яке аз рақибони Владимир Путин буд ва бо дарёфти дувоздаҳ дарсад ройи мардум дар ҷойгоҳи дувум қарор дошт.

Ӯ пас аз интихобот зери тозиёнаи расонаҳои тарафдори Кремл афтид; тиҷораташ ба мушкилоти ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ шуд ва аз мандати вакилӣ дар шӯрои шаҳри Видное, дар наздикии Маскав, маҳрум гардид.

Грудинин дороиҳояшро дар хориҷа рад кард.

Раҳбари Ҳизби коммунисти Русия, Геннадий Зюганов, қавл дод, ки аз рӯйи ин қарор шикоят мекунанд ва афзуд, "Грудинин дар рӯйхати номзадҳои ҳизб дар ҷойи сеюм хоҳад монд".

Чанде аз чеҳраҳои дигари оппозиситюн, ки аксарашон бо созмони мунтақиди зиндонии Кремл Алексей Навалний иртибот доштанд, аз иштирок дар интихоботи моҳи сентябр манъ карда шуданд.

XS
SM
MD
LG