Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирояти коронавирус бабрҳои Калифорнияро "гӯшанишин" кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Масъулони Боғи ҷонварони Сан-Диего дар Калифорния гурӯҳи бабрҳоро, пас аз он ки санҷиши коронавируси яке аз онҳо мусбат баромад, ба "карантин" гирифтаанд. Онҳо гуфтанд, бабри барфии 9-сола, Рамил, сулфа мекунад ва оби бинияш меравад. Онро дар аввали ҳафта санҷиш карданд. Кормандони Боғи ҳайвонот тахмин мезананд, ки се паланги дигар ба бемории ҳамагир гирифтор шудаанд. Дар изҳороти Боғи ҳайвонот аз 23-юми июл омадааст, бабрҳо зери назорати байторон ҳастанд ва намоиши онҳо муваққатан боздошта шудааст. Маълум нест, беморӣ чӣ гуна сироят кардааст.

XS
SM
MD
LG