Мақомоти Чин аз ҳамкорӣ дар рафти таҳқиқоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар бораи манбаи хуруҷи коронавируси нав даст кашиданд.
Қарор буд, дар марҳалаи дувуми тафтишот фарзияи хуруҷи коронавируси нав аз озмоишгоҳе дар Вуҳони Чин санҷида шавад. Пекин ин фарзияро комилан рад карда, пешниҳод дорад, ки фарзияи аз хориҷ ба Чин ворид кардани вирус таҳқиқ карда шавад.
Хабаргузории Reuters навишта, ки мақомоти Чин рӯзи панҷшанбе аз иштирок дар марҳалаи дувуми тафтишот даст кашидаанд. "Нақша ақли солимро нодида гирифта, ба илм таҳдид мекунад", - иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз суханҳои муовини раиси Кумитаи давлатии Чин оид ба умури тандурустӣ ва беҳдоштӣ Сзеня Исиня.
Пажуҳишгарони байналмилалӣ мебоист, дар рафти марҳалаи дувуми таҳқиқот ба бозору озмоишгоҳҳои Вуҳон, ки аз онҷо вирус ба тамоми ҷаҳон паҳн гаштааст, дастрасӣ пайдо кунанд.
Фарзияи хуруҷи коронавируси нав аз озмоишгоҳе баъди паҳншавии беморӣ ба миён омад. Ҷонибдорони фарзия назари худро ба он асоснок мекунад, ки дар Вуҳон яке аз бузургтарин марказҳои пажуҳишии коронавирусҳо мавҷуд аст. Аз ҷумла, дар он шаҳр вируси "SARS", ки ба коронавируси нав - COVID-19 наздик аст, омухта мешавад.
Нашрияи The Wall Street Journal моҳи майи имсол бо истинод ба санадҳои махфии мақомоти иктишофии Амрико навишт, ки се донишманди Маркази вирусшиносии Чин моҳи ноябри соли 2019, пеш аз паҳншавии коронавируси нав сахт бемор шуданд. Телевизиони Fox ҳам моҳи апрели соли 2020 гузориш дод, ки нахустини шахси мубтало ба COVID-19 корманди озмоишгоҳ буд.