Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 18 сарбозу афсари Туркманистон. Дар садама ҷон бохтанд ё дар марз кушта шуданд?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар як шароити номаълум дар Туркманистон 18 низомӣ, аз ҷумла ду афсар кушта шудаанд. Ҷасади шаш нафари онҳоро, ки аз вилояти Лебап (Лаби Об) буданд, шаби 18-уми июл ба наздиконашон супурданд.

Ин маълумотро ду манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ, ки то ин дам иттилои боварбахш додаанд, тасдиқ карданд. Илова ба ин, хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар вилояти Лебап гуфт, ҷасади низомиёнро пас аз зуҳри 19-уми июл гӯронданд.

Ҳарчанд ба хешовандони тақрибан бист хидматчии ҳарбӣ гуфтаанд, ки онҳо дар як садамаи нақлиётӣ дар наздикии Ишқобод (Ашхобод) фавтиданд, манбаъҳои бахши туркмании Радиои Озодӣ ба дурустии ин фарзия шубҳа доранд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, сарбозон аз вилояти Мари, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, ба Лебап оварда шуданд.

Як манбаи наздик ба Вазорати мудофиаи Туркманистон тасдиқ кард, ки рӯзи 18-уми июл 18 низомиро аз даст доданд. Шаш нафари онҳо, аз ҷумла ду афсар (майор ва лейтенанти калон) аз вилояти Лебап буданд.

Сокинони маҳаллӣ ба манбаи Радиои Озодӣ гуфтаанд, дар рӯзи дафн кормандони ниҳодҳои қудратӣ либоси мулкӣ бар тан ба кушодани тобутҳо монеъ шуданд. Бино бар ин, пайвандони қурбониён ба фарзияи мақомот дар бораи марги сарбозону афсарон шубҳа доранд.

Манобеи бахши туркмании Радиои Озодӣ натавонистанд, дар бораи садамаи нақлиётӣ бо иштироки мошини низомиён дар наздикии Ишқобод иттилоъ ба даст биоранд. Талошҳо барои тамос бо Вазорати мудофиа ва корҳои дохилии Туркманистон низ натиҷа надод.

Шубҳаҳо аз он ҷо сарчашма мегиранд, ки ҷасади низомиёнро аз Мари, ҷое, ки нуқтаҳои марзбонии Сарҳадобод ва Тахтабозор (дар наздикии сарҳад бо Афғонистон) ҷойгир аст, ба Лебап оварданд.

Пас аз он ки ҷангҷӯёни Толибон як қатор минтақаҳоро дар Афғонистон таҳти назорати худ гирифтанд, аз тамоми Туркманистон ба Сарҳадобод ва Тахтабазор нерӯву техникаҳои ҳарбӣ фиристода буданд. Бо ин ҳол, хабарнигорони бахши туркмании Радиои Озодӣ ҳанӯз натавонистанд бифаҳманд, ки бо 18 сарбоз чӣ рӯй додааст ва оё онҳо дар ҳақиқат қурбонии садамаи нақлиётӣ шудаанд ё не.

Дар гузашта садамаҳои нақлиётӣ боис ба марги сарбозони артиши Туркманистон шуда буданд. Моҳи сентябри соли гузашта дар вилояти Мари ба камияш панҷ сарбоз дар садама ба ҳалокат расиданд.

Аммо ҳодисаҳое низ буданд, ки ҳангоми тирпарронӣ дар марзи Туркманистону Афғонистон шумори зиёди сарбозон кушта шуданд. Аз ҷумла, дар моҳи июни соли 2018 ҳангоми тирпарронӣ дар марз бо вилояти Бодғиси Афғонистон 25 сарбози туркман ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG