Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ислом Қалъа". Гузаргоҳи муҳим миёни Афғонистону Эрон "ба дасти Толибон гузашт"


Гузаргоҳи марзии "Ислом Қалъа" дар сарҳади Эрон ва Афғонистон

Ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, гурӯҳи Толибон гузаргоҳи аслии Афғонистон бо Эронро тасарруф кардаанд. Нураҳмад Муҳаммадӣ, як мансабдори идораи гумруки Афғонистон дар Ҳирот, гуфт, ҷангҷӯёни Толибон пас аз даргирӣ бо нерӯҳои давлатӣ рӯзи панҷшанбе "назорати бандари Ислом Қалъаро ба даст гирифтанд".

Ронандагони мошинҳои борбар низ ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки шуморе аз нерӯҳои сарҳадӣ ва низомиёни Афғонистон ба тарафи Эрон фирор карданд.

Пеш аз ин, мақомоти маҳаллӣ гуфта буданд, нерӯҳои давлатӣ ба хотири пешгирӣ аз талафоти ғайринизомиён, аз ду ноҳия ё вулусволии Ҳирот ақибнишинӣ кардаанд. Толибон гуфтаанд, ки назорати ин ду ноҳия дар дасти онҳост. Гуфта мешавад, аз 19 вулусволӣ дар Ҳирот фақат 4 ноҳия дар назорати давлат қарор дорад, боқимонда дар дасти Толибон аст.

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое ба нашр расид, ки нерӯҳои Толибонро дар ҳоли аҳволпурсӣ бо марзбонони эронӣ дар наздикии гузаргоҳ нишон медиҳад. Хабаргузориҳои эрон ва хориҷӣ низ хабар доданд, ки нерӯҳои Толибон гузаргоҳи гумрукии "Ислом Қалъа"-ро дар марзи Ҳирот бо Эрон ба тасарруфи худ дароварданд.

Хабаргузории давлатии Эрон -- ИРНА аз як хабарнигори афғон дар Ҳирот гузориш додааст, ки "пас аз фирори нерӯҳои афғон ва кормандони гумрук, мардум вориди гумрук шудаанд". Хабаргузории эронии ИСНА бо такя ба масъулини гумруки Эрон хабар додааст, ки бинобар таҳаввулоти ахири Афғонистон, тиҷорати Эрон бо ин кишвар дар чанд гузаргоҳ қатъ шудааст.

Рӯҳуллоҳ Латифӣ, сухангӯйи гумруки Эрон, дар суҳбат бо расонаҳои он кишвар аз тоҷирон ва соҳибкорон хостааст, ки то "маълумоти баъдӣ", аз фиристодани борҳои тиҷории худ ба марз худдорӣ кунанд.

Гуруҳи Толибон аз аввалҳои моҳи май ҳамлаҳои густурдаи худро дар чанд ҷабҳа оғоз кард ва акнун иддао дорад, ки беш аз 80 вулусволӣ аз маҷмӯи 421 вулусволии Афғонистонро дар ихтиёр дорад. Бештар шудани ҳамлаҳои Толибон дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст то 11-уми сентябри имсол нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО пас аз ду даҳа ҳузурашон дар Афғонистон, ин кишварро тарк кунанд.

Тасарруфи ин гузаргоҳи муҳими марзӣ бо Эрон аз сӯи Толибон дар ҳоле сурат мегирад, ки дар як ҳафтаи ахир ин афроди гурӯҳи ифротӣ ҳама гузаргоҳҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистонро низ ба назорати худ даровард. Дар пайи он, садҳо низомии афғон ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд ва садҳо ғайринизомӣ паноҳанда шуданд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG