Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба беш аз 1000 паноҳандаи афғонистонӣ дар Бадахшон ҷой дод. ВИДЕО


Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯянд, дар пайи ишғол шудани чанд минтақаи наздимарзии Афғонистон аз сӯи Толибон, беш аз ҳазор афғонистонӣ дар қаламрави Тоҷикистон паноҳанда шудаанд.

Ба гуфтаи мақомот, гурезаҳо бо ҷойи хобу хӯрок таъмин шуда, гуфтугӯҳо бо созмонҳои байнулмилалӣ барои дарёфти кумак идома дорад. Дар як моҳи охир Толибон бештаре аз минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистонро зери назорати худ дароварданд.

"Дар макони амн ҳастанд", вале...

Дар як наворе, ки ҳукумати вилояти Бадахшон рӯзи 7-уми июл нашр кард, дида, мешавад, паноҳандагон дар минтақаи марзӣ ҳастанд ва ба мошинҳо савор мешаванд.

Дар навор гуфта мешавад, теъдоди гурезаҳо танҳо дар минтақаи Теми шаҳри Хоруғ 400 нафар ҳастанд ва онҳоро баъд аз се рӯз ба ҷойи амн кӯчонданд.

Ғолиб Ниятбекзода, сухангӯйи раиси вилояти Бадахшон, рӯзи 8-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, шумораи умумии паноҳандагони афғонистонӣ 1037 нафар аст ва мумкин аст бештар шавад. Ба гуфтаи ӯ, бештари паноҳандагон рӯзҳои 3-4-уми июл ба Тоҷикистон омадаанд.

Талоши мо барои суҳбат бо паноҳандагон то ин дам бенатиҷа буд. Масъулони ҳукумати вилояти Бадахшон мегӯянд, гурезаҳо “дар макони амн” ҳастанд, вале барои бехатарӣ макони онҳоро намегӯянд.

"Онҳо дар ҷойи амн ҳастанд ва аз тарафи мақомоти маҳаллӣ барояшон хӯрок, либос ва рахти хоб расонда шуд", -- гуфт сухангӯи раиси вилояти Бадахшон.

Паноҳандагони мулкии афғон ба шаҳри Хоруғ расиданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

"Аксари онҳо то 40-солаанд"

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, бахши асосии паноҳандагон дар шаҳри Хоруғ нигоҳдорӣ мешаванд. Бештари онҳо ҷавонони аз 18 то 40-сола ҳастанд.

Ондаи онҳо норӯшан аст. Маълум нест, ки онҳо дубора ба Афғонистон бармегарданд ё як муддат дар Тоҷикистон мемонанд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, то ин дам беш аз 2000 сарбози паноҳбурдаи худро аз Тоҷикистон ба Кобул баргардонданд, вале дар бораи ғайринизомиён чизе нагуфтанд.

Дафтари матбуоти ҳукумати Бадахшон мегӯяд, Ёдгор Файзов, раиси вилоят рӯзи 6-уми июл бо намояндагони Комиссариати Олии Созмони Милал дар умури гурезаҳо ва сарони Бунёди Оқохон мулоқот карда, масъалаи гурезагони афғонро баррасӣ кардааст.

Масъулини вилояти Бадахшон гуфтанд, онҳо барои қабули то 10 ҳазор паноҳанда омодагӣ дидаанд.

Пешниҳоди ҷамъоварии кумак

Ба ҷуз аз мақомот намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сокинон даъват доранд, ки барои гурезаҳо маблағ ҷамъ биёранд. Муҳайё Нозимова, рӯзноманигор ва аз ташаббускорони ин маърака, гуфт, мардуми Афғонистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фирориёни Тоҷикистонро қабул карда, ба онҳо кумак карда буданд.

Ба қавли Нозимова, вазъи бади иқтисодӣ наметавонад баҳона шавад, ки Тоҷикистон аз қабули паноҳандагони афғонистонӣ худдорӣ кунад: "Дуруст, мо мушкили зиёд дорем, вале ин маънои онро надорад, ки вақте ҳамсояат гурусна аст, дасти кумак дароз накунӣ. Имкон аст, ки ҳамон як нонатро бо ӯ тақсим кунӣ."

Даъват ба "эҳтиёт"

Дар ин миён баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, мақомот дар қабули паноҳандагон хеле эҳтиёткор бошанд. Чун, ба бовари онҳо, мумкин аст, ифротгароён дар либоси паноҳанда вориди кишвар шаванд.

Мақомоти Тоҷикистон ба ин назарҳо вокуниш накарда ва ҳам нагуфтаанд, ки паноҳандаҳоро чӣ гуна аз ифротгароён ташхис медиҳанд. Вале аз оғози фирори сарбозон ва паноҳандагони афғон, мақомоти тоҷик то ҳадди имкон талош мекунанд, онҳоро аз сокинони одӣ дур нигоҳ доранд.

Тамоси рӯзноманигорон ҳам ба онҳо мушкил аст.

Дар моҳҳои охир гуруҳи Толибон дар шимоли Афғонистон, минтақаи наздик ба марзи Тоҷикистон, фаъол шудаанд. То кунун ба ҷуз аз паноҳандагон, ҳудуди 2 ҳазор сарбози афғон ҳам дар пайи ҳамлаи Толибон ба Тоҷикистон фирор карда буданд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, онҳоро бо ҳавопаймо ба Кобул баргардонданд, вале ҷониби Тоҷикистон дар ин бора расман иттилоъ надодааст.

XS
SM
MD
LG