Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 сафорату созмон дар Кобул аз Толибон хостанд ҷангро бас кунад. ВИДЕО


Беш аз 15 намояндагии дипломатии мустақар дар Афғонистон аз Толибон даъват кардаанд, ки фавран ба амалиёти низомӣ хотима бахшад, зеро ин амал мухолифи иддаои ин ҷунбиши исломӣ аст, ки мегӯяд, ҷонибдори хатми низоъ дар ин кишвари ҷангзада аст.

Рӯзи 19-уми июл дар Кобул ҳайати Иттиҳоди Аврупо, паймони НАТО ва як идда намояндагиҳои дипломатӣ ин даъватро нашр намуданд. Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Давҳаи Қатар ҳайатҳои ҳукумати Афғонистон ва Толибон сари мизи музокирот нишаста, ду рӯз равандаи сулҳро баррасӣ карданд, вале натиҷаи нарзаррасе ҳосил нашуд. Ҷонибҳо дар бораи садоқат ба ҳалли осоиштаи низоъ ҳарф зада, мувофиқат карданд, ки гуфтушунидро идома диҳанд.

Гузориши видеоиро инҷо бубинед:

Ҷомеаи ҷаҳонӣ Толибони афғонро ба қатъи фаврии амалиёти низомӣ ва садоқат ба сулҳ даъват кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:19 0:00

Дар изҳорот ҳарфе дар бораи оташбас дар ҷашни Иди Қурбон, ки 20-уми июл ҷашн гирифта мешавад, зикр нашудааст. Қаблан ҷонибҳо дар рӯзҳои ид оташбаси кӯтоҳмуддат эълон мекарданд. Музокироти ҳукумати Афғонистон бо Толибон чандин моҳ инҷониб бидуни пешрафти назаррас идома доранд, вале дар ин байн гурӯҳи Толибон аз миёни 421 ноҳияи Афғонистон наздик ба нисфи онро ишғол намуда, марказҳои вилоятиро зери муҳосира қарор дода, як идда постгоҳҳои калидии марзҳои Афғонистонро бо кишварҳои хориҷӣ таҳти тасарруф дароварданд.

Аз ҷумла ба иттилои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз 1400 километр марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон силоҳбадастони Толибон назорати беш аз 900 километр хатти марзро ба даст гирифтаанд.

Дар як моҳи ахир бори панҷум аст, ки низомиёни афғон пас аз ҳамлаҳои Толибон ба ноҳияҳои шимоли Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ақибнишинӣ мекунанд. Шумораи низомиёни паноҳанда аз 1500 нафар бештар шудааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, фирориёнро “бо назардошти принсипи инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ” қабул карданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG