Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон ба марз бо Афғонистон силоҳҳои вазнину чархбол фиристод, сокинон нигаронанд


Туркманистон ба марз бо Афғонистон силоҳҳои вазнин ва чархбол фиристод ва ба нерӯҳои захиравии худ дастур дод, ки дар ҳолати омодабош қарор бигиранд. Пас аз афзоиши ҳамлаҳои Толибон дар вилояти марзии Афғонистон нигаронии кишварҳои Осиёи Миёна афзоиш ёфтааст.

Як мансабдори баландпояи амниятии Туркманистон ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, аз як пойгоҳи артиш дар наздикиҳои шаҳри Мари (Марв) нерӯҳои бештар барои тақвияти марз фиристода мешаванд. Шаҳри Мари (Марв) дар 400-километрии шарқи Сарҳадобод, гузаргоҳи сарҳадӣ бо Афғонистон ҷойгир аст.

Ин мақоми баландпоя, ки салоҳияти суҳбат бо расонаҳоро надорад, дар идома гуфт, нерӯҳои иловагӣ, ба шумули афсарон ва ҳамчунин чархболҳо ба марз фиристода мешаванд. Ҳанӯз маълум нест, ки чӣ миқдор нерӯи низомӣ ба минтақа сафарбар мешавад. Пойгоҳи хабарии Turkmen.News ҳам хабар дод, ки ҳафтаи гузашта силоҳҳои вазнин ба минтақаи Сарҳадобод фиристода шуд.

Як мақоми дигар гуфт, дар шаҳри Ишқобод баъзе аз афсарони захиравиро даъват карда, ба онҳо гуфтанд, ки дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд ва дар ҳолати зарурӣ ба артиш ҷалб мешаванд.

Аммо мақомоти Туркманистон то кунун дар ин робита ба таври расмӣ ибрози назар накардаанд. Дар шаҳри Мари мақомоти маҳаллӣ барои кормандони муассисаҳои давлатӣ чорабиниҳои вижа ташкил намуда, ба онҳо "дарсҳои ватандӯстона" ироа мекунанд.

Коргарон дар ноҳияи Маргуш рӯзи 8-уми июл маҷбур карда шуданд, ки пас аз соати корӣ дар як ҷаласа иштирок кунанд. Яке аз иштирокунандагон ба Радиои Озодӣ гуфт, мардум аз иштирок дар чунин ҷаласаҳо хушҳол нестанд.

Як коргари дигар низ аз инки маҷбур карда шуд баъд аз кор дар чунин ҷаласа иштирок кунад, шикоят кард. Ин коргар гуфт, суханрониҳо шомили шиорҳое дар мавриди сатҳи шукуфоии кишвар ва чигунагии вафодории мардум ба ҳукумат аст.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳо аз даъват шудани намояндагони Толибон ба Ишқобод хабар медиҳанд. Намояндаи расмии гурӯҳ дар Қатар Муҳаммад Наим баргузории гуфтугӯ дар Ишқобод ва баррасӣ шудани масоили амниятиро миёни ҷонибҳо тасдиқ кард.

Туркманистон бо Афғонистон 800 километр марз дорад. Бо пешравии Толибон дар марказҳои вилоятҳо ва гузаргоҳҳои марзӣ, вазъи амниятӣ ниҳоят печида шудааст. Ҳазорон афғон, ба шумули сарбозони ва пулиси маҳалл ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон фирор карданд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки ба марз ҳазорҳо нерӯи иловагӣ мефиристанд.

XS
SM
MD
LG