Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар Давҳа ба натиҷае нарасид, музокирот идома мекунад


Рӯзи якшанбе дар поёни ду рӯзи музокирот дар шаҳри Давҳаи Қатар ҳайатҳои ҳукумати Афғонистон ва Толибон ба натиҷае нарасиданд.

Дар изҳороти муштарак таъкид шудааст, ки ҷонибҳо то замони расидан ба ҳалли мушкили Афғонистон музокиротро давом медиҳанд. Дар изҳорот ҳарфе дар бораи оташбас дар рӯзҳои Иди Қурбон, ки 20-уми июл ҷашн гирифта мешавад, зикр нашудааст. Қаблан ҷонибҳо дар рӯзҳои ид оташбаси кӯтоҳмуддат эълон мекарданд.

Музокироти ҳукумати Афғонистон бо Толибон чандин моҳ инҷониб бидуни пешрафти назаррас идома доранд, вале дар ин байн гурӯҳи Толибон аз миёни 421 ноҳияи Афғонистон наздик ба нисфи онро ишғол намуда, марказҳои вилоятиро зери муҳосира қарор дод. Як идда посгоҳҳои калидии марзҳои Афғонистон бо кишварҳои хориҷиро таҳти тасарруф даровард.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG