Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ва Австрия бемории мармузи дипломатҳоро дар Вена таҳқиқ мекунанд


Австрия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳодисаи гирифтории дипломатҳои амрикоӣ ва дигар шахсони расмиро дар Вена ба бемории мармузе, ки бо номи “Синдроми Гавана" маъруф аст, таҳқиқ мекунанд.

Ин беморӣ ба он хотир "Синдроми Гавана" номгузорӣ шудааст, зеро дипломатҳо ва ҷосусони амрикоӣ дар сафорати ИМА дар пойтахти Куба бо сабабҳои ҳанӯз номаълум, дар солҳои 2015 ва 2016 ба бемории ношинохтае гирифтор шуданд. Масъулини ИМА мутмаин нестанд, ки пушти басомадҳои радио ё ҳамлаҳои энержӣ, ки боиси беморӣ ва ҳатто осеби мағзии дипломатҳои амрикоӣ ва кормандони хадамоти иктишофӣ дар Куба, Чин, Русия ва дигар кишварҳо шудаанд, кӣ ва ё чӣ меистад.

Маҷаллаи New Yorker рӯзи 17-уми июл гузориш дод, ки аз замони ба кор шурӯъ кардани президенти ИМА Ҷо Байден дар моҳи январ, тақрибан бист нафар ҷосусон, дипломатҳо ва дигар шахсони расмии ИМА дар Вена аз пайдо шудани нишонаҳои ба ҳам мушобеҳи ин бемории мармуз хабар доданд. Вазорати корҳои хориҷии Австрия рӯзи 17-уми июл бо нашри як изҳорот гуфт, ки "бо мақомоти Иёлоти Муттаҳида дар мавриди анҷом додани таҳқиқи муштарак мувофиқи нақша , ҳамчун давлати мизбон кор карда истодаем.”

"Мо ин гузоришҳоро хеле ҷиддӣ мегирем .... Бехатарии дипломатҳои мо дар Австрия ва оилаҳои онҳо, вазифаи аввалиндараҷаи мост",- гуфта мешавад дар изҳороти вазорат.

Сухангӯи Департаменти давлатӣ гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида, ин ҳолатҳоро, ки ба мансабдорони Амрико дар сафорати ИМА дар Вена марбут аст “фаъолона таҳқиқ” дорад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG