Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо 3,5 кило маводи мухаддир. 347 қирғизтабор аз Афғонистон ба Тоҷикистон фирор кардаанд


Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо паноҳандагони афғон дар Хоруғ
Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо паноҳандагони афғон дар Хоруғ

Дар ду рӯзи охир 347 сокини қирғизтабори вулусволӣ ё ноҳияи Вахони Афғонистон аз тарси ҷангҷӯёни Толибон ба Тоҷикистон фирор кардаанд. Марзбонони тоҷик гуфтанд, ин бор аз дасти паноҳандагон 3,5 кило маводи мухаддиро мусодира шуд.

Дафтари матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шоми 14-уми июл бо нашри баёния гуфт, дар ду рӯзи охир, 13-ум ва 14-уми июл, аз деҳаи Андемини вулусволии Вахони Афғонистон 347 нафар ба Тоҷикистон паноҳ оварданд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, онҳо барои наҷоти ҷони худ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи Толибон ба марзи Тоҷикистон омаданд ва марзбонони тоҷик бо риояи усули инсондӯстӣ онҳоро ба қаламрави кишвар роҳ доданд.

Дар баёнияи идораи марзбонии Тоҷикистон гуфта мешавад, фирориён қирғизтаборони Афғонистонанд.

Дар миёни паноҳандагон

  • 91 нафар мард,
  • 77 зан ва
  • 177 нафар ноболиғ (64 писар ва 113 духтар) мебошанд.

Марзбонони тоҷик аз фавти ду тифли то дусолаи паноҳандагон ҳангоми убури сарҳад хабар медиҳанд. Айни замон мақомоти Тоҷикистон паноҳандагонро дар мавзеи Чоштеппа ва Дуютуки ҷамоати Қизил-работи ноҳияи Мурғоб ҷо додаанд.

Дар як шабонарӯзи охир бори дувум аст, ки марзбонони тоҷик аз вуруди гурезаҳои мулкӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон хабар медиҳанд. Пештар, 13-уми июл, Идораи марзбонӣ аз ворид шудани 77 сокини осоиштаи Афғонистон аз тарси таъқиби Толибон ба Тоҷикистон хабар дода буд. Гуфта мешуд, фирориён 26 мард, 20 зан ва 31 хурдсол ҳастанд. Ин паноҳандагон чорвои хонагии худ, аз ҷумла 1000 чорвои майда, 300 қутос, 3 шутур ва 30 аспро бо худ оварданд.

Дар зимн, ин танҳо ҳодисаи ба Тоҷикистон фирор кардани паноҳандагони мулкӣ аз Афғонистон нест. Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл гуфт, 1037 паноҳандаро аз Афғонистон пазируфтанд. Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон қаблан гуфта буд, онҳо барои қабули то 10 ҳазор паноҳанда аз Афғонистон омодагӣ дидаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG