Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо аспу қутос. "77 қирғизтабори Афғонистон аз тарси Толибон ба Тоҷикистон гурехтанд"


Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон зимни мулоқот бо паноҳандагони афғон

77 сокини осоиштаи Афғонистон рӯзи 13-уми июл аз тарси таъқиби Толибон ба Тоҷикистон фирор кардаанд. Дафтари матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 14-уми июл гуфт,

  • 26 мард,
  • 20 зан
  • 31 хурдсол, ки бештарашон қирғизтаборон будаанд, “ба марзи Тоҷикистон омада, дархости ворид шудан карданд”.

Гуфта мешавад, онҳо сокинони деҳаи Андемини вулусволӣ ё ноҳияи Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон ҳастанд.

Идораи марзбонӣ гуфтааст, сарҳадбонони тоҷик ба хотири риояи усули "инсондӯстӣ" ба паноҳандагони иҷборӣ аз Афғонистон иҷозат доданд, ба қаламрави Тоҷикистон ворид шаванд.

Ба гуфтаи мақомот, паноҳандагон айни замон дар мавзеъҳои Андемин ва Чештебаи ҷамоати Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб қарор доранд. Гуфта мешавад, онҳо чорвои хонагии худро, аз ҷумла 1000 чорвои майда, 300 қутос, 3 шутур ва 30 аспро бо худ овардаанд.

Ин танҳо ҳодисаи ба Тоҷикистон фирор кардани паноҳандагони мулкӣ аз Афғонистон нест.

Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл гуфт, 1037 паноҳандаро аз Афғонистон пазируфтанд.

Дар як гузориши телевизиони давлатии Бадахшон гуфта шуд, теъдоди гурезаҳо танҳо дар минтақаи Теми шаҳри Хоруғ 400 нафар ҳастанд ва онҳоро баъд аз се рӯз ба ҷойи амн кӯчонданд.

Дафтари матбуоти ҳукумати Бадахшон гуфта буд, Ёдгор Файзов раиси ин вилоят, бо намояндагони Комиссариати Олии Созмони Милал дар умури гурезаҳо ва сарони Бунёди Оқохон мулоқот карда, масъалаи гурезагони афғонро баррасӣ кардааст. Масъулини вилояти Бадахшон гуфтанд, онҳо барои қабули то 10 ҳазор паноҳанда омодагӣ дидаанд.

XS
SM
MD
LG