Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден аз Путин хост пеши роҳи ҳакерони русро гирад  


Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико рӯзи 9-уми июл дар як тамоси телефонӣ аз ҳамтои русаш Владимир Путин даъват кард, ки алайҳи гурӯҳҳои тамаъҷӯ, ки дар Русия фаъолият мекунанд, "чора андешад".

Байден зимни гуфтугӯ ба Путин гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида барои дифоъ аз амрикоиҳо ва инфрасохтори муҳим аз ҳамлаҳои сайберӣ "ҳама чораҳои заруриро" хоҳад андешид. Ин даъват як ҳафта пас аз он сурат гирифт, ки ширкати технологии Kaseya дар Флорида мавриди ҳамлаи “барномаи тамаъҷӯи компютерӣ” қарор гирифт, ки садҳо ширкатро дар ИМА ва то 1500 ташкилотро дар саросари ҷаҳон ҳадаф қарор дод. Дар изҳороти Кохи Сафед гуфта мешавад, Байден бо Путин дар бораи ҳамлаҳои тамаъҷӯёнаи “ҷинояткорони муқими Русия, ки Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои ҷаҳонро ҳадаф қарор додаанд” гуфтугӯ кард.

Байден таъкид кардааст, ки Русияро зарур аст, пеши роҳи гурӯҳҳои тамаъҷӯи интернетиро бигирад. Гурӯҳи киберҷиноятии REvil, ки дар Русия қарор дорад, масъулияти ҳамлаи сайберии охирро бар дӯш гирифт. Ин гурӯҳ дар як ҳамла дастрасиро ба барномаҳои компютерӣ ва додаҳои рақамӣ рахна карда барои боз кардани дастрасӣ ба он аз соҳибони он бо воистаи биткоин (асъори диҷитолӣ) 70 миллион доллар пул тамаъ карда буданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG