Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбоналӣ Раҳмон овозхони шинохтаи тоҷик даргузашт


Қурбоналӣ Раҳмон, овозхони маъруфи тоҷик дар сини 67 солагӣ дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Душанбе даргузашт.

Як ҳафтаи охир Қурбоналӣ Раҳмон бо аломатҳои бемории COVID-19 шифохонаи маъруф ба "Якум Советский" дар шаҳри Душанбе бистарӣ шуда буд. Пайвандонаш дирӯз, аз ба ҳуш омадани ӯ хабар дода буданд, аммо шаби гузашта аз фавти Қурбоналӣ Раҳмон хабар доданд.

Ҳарчанд дирӯз наздиконаш гуфта буданд, ки аз беҳушӣ берун омадааст ва вазъаш хубтар шудааст, аммо имшаб хабари даргузашташро нашр карданд. Қурбоналӣ Раҳмон, унвони ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дошт. Соли 1954 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омада, фориғутаҳсили Донишкадаи ҳунарҳои ба номи Мирзо Турсунзода буд.

Қурбоналӣ Раҳмон, аз бунёдгузорони дастаи ҳунарии "Чашма”-и ноҳияи Восеъ ва барандаи ҷоизаи ҷаҳонии “Табарчаи тилло” дар ҷашнвораии баналмилалии Лаҳистон ва ё Полша буд. Ӯ соли 1996 ба Душанбе омад ва ду сол дар ансамбли “Дарё” кор кард. Соли 1998 Қурбоналӣ Раҳмон роҳбари ансамбли тарона ва рақси “Сомониён” таъйин шудаст.

Суҳбати Қурбоналӣ Раҳмон бо Радиои Озодӣ, ноябри соли 2016:

Қурбоналӣ Раҳмон "Хаймаи Хайём"-ро ба Суғд мебарад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:00 0:00

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG