Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза дар Тоҷикистон


Субҳи 10-уми июл дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза рух дод. Мақомот то ҳанӯз шиддати онро нагуфтанд. Марказҳои зилзиланигории ҷаҳон эълон карданд, ки шиддати заминларза ба 5.9 дараҷаи Рихтер баробар буд. Сокинон низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки заминларзаро дар Душанбеву Суғд ва Кӯлоб “сахт эҳсос карданд”. Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Дар гузашта бар асари зилзила дар гӯшаҳои кишвар чандин хона вайрон шудааст. Аз ҷумла, моҳи июли соли 2020 наздик ба 60 хонаи сокинони чаҳор деҳа дар ҷамоати Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод дар заминларза осеб дид.

XS
SM
MD
LG