Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду нафар қариб ба ним миллион сомонӣ билети парвози Русия фурӯхтаанд


Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе
Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе

Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, ду нафарро бо гумони қаллобӣ ва фурӯши билети ҳавопаймо бо нархҳои баланд боздошт кардааст. Гуфта мешавад, як фурӯшандаи чиптаҳои парвоз ҳамроҳ бо ҳуқуқшиноси нуқтаи дидбонгоҳи фурудгоҳи Душанбе чиптаҳои парвоз ба Русияро аз 9,5 то 12,5 ҳазор сомонӣ фурӯхтаанд. Ин дар ҳолест, ки нархи расмӣ на бештар аз 5,5 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Ба гуфтаи Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон тафтишот маълум кардааст, ки гумонбаршудагон танҳо дар моҳи майи соли равон 40 нафарро бо ваъдаи дастрас кардани билети парвоз аз Тоҷикистон ба Русия фиреб дода, беш аз 433 ҳазор сомониро аз худ намудаанд. Нисбати дастгиршудаҳо барои қаллобӣ парванда боз шуда тафтиш идома дорад.

Дар шакли аввалияи ин хабар гуфта мешуд, ки фурӯшанда аз ширкати ҳавонавардии "Сомон Эйр" намояндагӣ мекунад. Вале Хадамоти матбуоти ин ширкат дар раддияе унвонии Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки шахси боздоштшуда набояд ҳамчун корманди ин ширкати ҳавопаймоӣ, "балки ҳамчун фурӯшандаи нуқтаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ муаррифӣ" гардад. "Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” таъкид менамояд, ки шаҳрванди дастгиршуда - Худойберди Норматов корманди ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” нест ва ҳеҷ гоҳ набуд," омадааст дар Раддия. Хадамоти матбуотии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ҳамчунин менависад, ин нуктаро маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасдиқ кардааст.

Дар се моҳи ахир, баъди он ки Русия ба парвозҳои мунтаззам иҷозат дод,ин бори чандум аст, ки фурӯшандаҳои билетро барои бо нархи баландтар аз таъйиншуда ва фиреби талабгорони сафар ба Русия боздошт мекунанд. Масъулони Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ гуфтанд, феълан аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон шаҳрҳои Русия рӯзона аз 10 то 12 парвоз амалӣ мешавад. Нархи билетҳо сабаб гашта буд, ки рӯзи 26-уми май садҳо мусофир дар назди Фурудгоҳи Душанбе ҷамъомади эътирозӣ барпо карда буданд.

XS
SM
MD
LG