Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бохти "Истиқлол" дар мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон-2021


Бозигарони тими "Истиқлол" ҳангоми тамрин. Акс аз бойонӣ
Бозигарони тими "Истиқлол" ҳангоми тамрин. Акс аз бойонӣ

Рӯзи 7-уми июл бозии мавқуфмондаи даври 3-юми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан ва “Истиқлол”-и Душанбе баргузор шуд.

Бозӣ бо пирӯзии мизбонон – футболбозони Истаравшан – бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Голҳои Илҳом Баротов ва Бахтиёр Абдураҳмонов ба “Истаравшан” се имтиёз овард. Зимнан, ин аввалин бохти қаҳрамони феълии Тоҷикистон – “Истиқлол” - дар мавсими имсола мебошад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 22 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. «Истаравшан» бо 19 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. “Истиқлол”, ки аз ҳама камтар – 8 бозӣ – анҷом додааст, бо 17 имтиёз ҷойи сеюмро азони худ кардааст.

Бозиҳои даври 13-уми мусобиқи лигаи олӣ рӯзҳои 10-11-уми июл баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе се бозӣ миёни дастаҳои ССКА – «Истиқлол», «Хатлон» – «Равшан» ва «Хуҷанд» – «Истаравшан» доир мегардад. Ду бозии дигар рӯзи якшанбе байни тимҳои «Душанбе» – «Кӯктош» ва «Эсхата» – «Файзканд» сурат мегирад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Бозии мавқуфгузоштаи даври 3-юм

«Истаравшан» – «Истиқлол» – 2:1

Голҳо: Рёта Нома, 36 (0:1). Илҳом Баротов, 45+1 (1:1). Бахтиёр Абдураҳмонов, 81 (2:1).

«Истаравшан» (Истаравшан): Қурбоналӣ Бобоев, Бахтиёр Қаландаров, Фаридун Деҳқонов, Диловар Бойқузиев, Ҳусейн Нурматов, Хуршедҷон Олимов, Ҷаҳонгир Сафаров, Саидмухтор Азимов, Отабек Каримов, Бахтиёр Абдураҳмонов (Абдураҳмон Қурбонов, 90+2), Илҳом Баротов.

«Истиқлол» (Душанбе): Муҳриддин Ҳасанов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров (Муҳаммадҷон Раҳимов, 62), Аҳтам Назаров, Рёта Нома (Амирбек Ҷӯрабоев, 78), Алишер Ҷалилов (Ислом Зоиров, 78), Шарифбек Раҳматов, Рустам Соиров, Манучеҳр Ҷалилов (Салам Ашурмамадов, 62).

Огоҳӣ гирифтанд: Ҷаҳонгир Сафаров, Диловар Бойқузиев, Бахтиёр Абдураҳмонов («Истаравшан»), Ваҳдат Ханонов, Рустам Соиров («Истиқлол»).

Беҳтарин бозигари дидор: Илҳом Баротов («Истаравшан»).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

7-уми июл. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 9000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

11

7

1

3

25-13

22

2

«Истаравшан» (Истаравшан)

12

5

4

3

14-11

19

3

«Истиқлол» (Душанбе)

8

5

2

1

20-6

17

4

«Эсхата» (Хуҷанд)

12

5

2

5

21-25

17

5

«Хатлон» (Бохтар)

11

4

5

2

14-11

17

6

«Равшан» (Кӯлоб)

11

3

4

4

14-15

13

7

«Файзканд» (Восеъ)

11

3

4

4

10-12

13

8

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

12

3

4

5

16-23

13

9

ССКА (Душанбе)

12

2

4

6

14-20

10

10

«Душанбе» (Душанбе)

12

2

4

6

15-27

10

Нишонзанҳо: Акобир Тураев («Эсхата») – 8 тӯб, Илҳом Баротов («Истаравшан»), Артём Сердюк («Хуҷанд») – 7-тӯбӣ, Рустам Соиров («Истиқлол»), Абдухалил Боронов («Файзканд»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 6-тӯбӣ.

Даври 13-ум

10-уми июл (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:30

ССКА – «Истиқлол»

«Хатлон» – «Равшан»

«Хуҷанд» – «Истаравшан»

11-уми июл (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:30

«Душанбе» – «Кӯктош»

«Эсхата» – «Файзканд».

XS
SM
MD
LG