Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Италия ва Англия – дар финали қаҳрамонии футболи Аврупо-2020


Дастаҳои мунтахаби миллии Италия ва Англия, ки дар даври ниманиҳоӣ бар рақибонашон пирӯз шуданд, ба финали қаҳрамонии футболи Аврупо-2020 роҳ ёфтанд.

Нахуст мунтахаби Италия ба финал роҳ пайдо кард. Ин даста дар бозии ниманиҳоӣ бар мунтахаби Испания аз рӯйи силсилаи пеналти ғолиб омад. Замони асосӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом пазируфт.

Федерико Кеза, бозигари мунтахаби Италия, дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 60-ум ҳисобро кушод. Пас аз 20 дақиқа Алваро Мората ҳисобро баробар кард. Ғолибро силсилаи пеналти муайян намуд. Мунтахаби Италия бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд.

Ба ин тартиб, Италия бори чаҳорум дар таърихи худ ба финали қаҳрамонии Аврупо роҳ ёфт. Соли 1968 Италия дар бозии ниҳоӣ тими миллии Югославияро шикаст дода, ба унвони қаҳрамони Аврупо даст ёфта буд. Вале Италия солҳои 2000-ум ва 2012-ум дар финал мутаносибан аз мунтахабҳои Фаронса ва Испания мағлуб шудааст.

Мунтахаби Англия дар бозии ниманиҳоии қаҳрамонии Аврупо-2020 тими миллии Данияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ҳисобро дар ин дидор бозигари даниягиҳо Миккел Дамсгаард дар дақиқаи 30-юм кушод. Пас аз 9 дақиқа Симон Кҷаер ҳисобро баробар намуд. Голи ҳалкунандаро Ҳарри Кане дар замони изофа, дар дақиқаи 104-ум, ба самар расонд.

Бояд гуфт, ки мунтахаби Англия бори аввал баъди 55 сол ба ҳаққи ширкат дар финали қаҳрамонии Аврупо мушарраф гашт ва дар таърихи худ шонси ғолиб шуданро ба даст овард.

Ҳамин тариқ, дастаҳои мунтахаби Италия ва Англия дар финали қаҳрамонии Аврупо-2020 рӯзи 11-уми июл дар варзишгоҳи "Уэмбли"-и Лондон бо ҳам рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG