Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон қазияи як шаҳрвандашро дар Русия дорои "ангезаи сиёсӣ" донист


Додситонии кулли Тоҷикистон

Додситонии кулли Тоҷикистон қазияи Фурқат Абдуфаттоев, сокини ҷамоати Ворухи Исфараро, ки бо дархости ҷониби Қирғизистон дар Русия дастгир шуда, дертар раҳо гардид, дорои "ангезаи сиёсӣ" донист.

Абдуфаттоеви 45-соларо моҳи феврали имсол боздошт ва 6-уми июл бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод карданд. Қарори ниҳоии додгоҳ дар мавриди сарнавишти ӯ моҳи августи имсол эълон хоҳад шуд.

Фурқат Абдуфаттоев
Фурқат Абдуфаттоев

Чанд нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ раҳоии Абдуфаттоевро дар Русия натиҷаи "муборизаи дастҷамъона" дониста, аммо аз Додситонии кул ном набурда буданд. Дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 8-уми июл гуфт, ду дафъа аз ҳабс озод намудани Абдуфаттоевро дархост карда буд. Ба иттилои манбаъ, онҳо ба Додситонии кулли Русия рӯзҳои 11 ва 13-уми феврали соли 2021 "дархости асоснок" фиристоданд.

Давлат Сафаров, сардори шуъбаи тафтишотӣ дар Додситонии вилояти Суғд, дар моҳи феврали имсол гуфта буд, ки "Додситонии ҳарбии гарнизони Суғд маълумоти заруриро ба Русия фиристод ва айни замон масъалаи озод кардани шаҳрванди Тоҷикистон баррасӣ мешавад."

Ҷониби Қирғизистон Фурқат Абдуфаттоевро "барои ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар минтақаи номуайни марз байни вилояти Суғд ва ноҳияи Бодканд" муттаҳам карданд. Худи Фурқат Абдуфаттоев ва наздиконаш ҳарду иттиҳомро намепазиранд ва мегӯянд, ӯ дар ягон низои сарҳадӣ ширкат накардааст.

Қирғизистон пас аз муноқишаҳои марзӣ аз таҷрибаи дар ғайбашон айбдор ва зери пайгарди байналмилалӣ қарор додани шаҳрвандони Тоҷикистон кор мегирад. Дар панҷ моҳи охир бори дуюм аст, ки сокинони Ворух бо дархости Қирғизистон дар Русия боздошт мешаванд. Қаблан Диловар Ҷӯраев, сокини дигари Ворух, ҳам дар Русия дастгир шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон ҳам баъзе аз шаҳрвандони кишвари ҳамсояро, ки дар барангехтани низоъҳои марзӣ айбдор медонад, зери пайгард қарор додааст.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод, ки мақомоти Русия рӯзи 18-уми апрел Эсанбой Маҷидов (Мажитов) сокини деҳаи Кук-Тош, ҳаммарз бо Хоҷаи Аълои Тоҷикистонро дар шаҳри Нижний Новгород боздошт карданд. Ҷониби Тоҷикистон дархоcт кардааст, ки ӯ барои муҳокима ба Тоҷикистон таслим карда шавад.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале ҳалношуда мондани мақоми 504 километр сарҳад солҳо боз ба яке аз мушкили ҷиддии миёни ду ҳамсоя табдил шудааст. Аз ҷумла, дар муноқишаи рӯзҳои 28-29-уми апрели имсол аз ду ҷониб даҳҳо нафар кушта ва садҳо каси дигар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG