Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қоидаи нав барои қабули хидматчиёни давлатӣ дар Узбекистон


Ниҳодҳои давлатии Узбекистон аз 1-уми сентябри имсол довталабонро дар асоси давраи омӯзишии онлайнӣ ба кор қабул мекунанд. Ин нукта дар фармони президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев дар бораи ташкили фаъолияти муассири зиддикоррупсионӣ зикр шудааст.

Тибқи фармон, то 1-уми октябри соли равон дар Узбекистон бояд лоиҳаи қонуне таҳия шавад, ки қарордодҳои аз роҳи фасодкорӣ басташударо беэътибор эътироф мекунад.

Ин қонун ҳамчунин пайомади ҳуқуқии иштироки хидматчиёни давлатиро дар тиҷорат муайян мекунад.

Ба ҷуз ин, аз 1-уми августи имсол натиҷаи озмунҳо дар соҳаи хариди давлатӣ ошкоро эълом ва расмиёти санҷиши шарикон дар мавриди хариди давлатӣ таҳия карда хоҳад шуд.

Аз 1-уми октябри имсол дар тамоми ниҳодҳои давлатии Узбекистон бо шумули маъмуриятҳои вилоятӣ сохтори дохилии зидди фасод ташкил мешавад.

Оҷонси мубориза бо фасоди Узбекистон аз 1-уми декабри соли 2021 ҳамасола раддабандиеро нашр хоҳад кард, ки муассир будани корҳои зиддикоррупсиониро баҳо медиҳад.

XS
SM
MD
LG