Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар моҳи май ба Тоҷикистон камтар кумак кардаанд


Ба зарардидагон аз сел дар Хатлон кумак мекунанд
Ба зарардидагон аз сел дар Хатлон кумак мекунанд

Дастрас кардани ёриҳои башардӯстона ба Тоҷикистон дар моҳи охири баҳори имсол камтар шудааст. Бино ба ҳисоби Кумитаи омор, дар моҳи май Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ба маблағи тақрибан 5 миллиону 600 ҳазор доллар ёрӣ гирифтааст. Ин рақам нисбат ба як сол пеш якуним миллион доллар камтар аст. Дар умум, Тоҷикистон аз аввали имсол ба маблағи беш аз 25 миллион доллар кумаки башардӯстона гирифтааст, ки аз ҷониби 48 кишвари ҷаҳон ва ба миқдори зиёда аз 7 ҳазор тонна интиқол ёфтааст. Ёриҳои аз ҳама бештарро Чину Русия ва Ҳиндустону Амрико расондаанд.

XS
SM
MD
LG